Arzon Banner
ҚОТИЛИ БИБИЯМ ШУДАМ (ҚИСМИ 10)
09.07.2021
ДИЛОШУБ
1254

 

 ИДОМААШ...

Шумо боре аз гуфтани номи худ шарм карда, ҳангоми шинос шудан бо одамон исми худро пинҳон кардаед? Рўзе ҳазорон бор касеро, ки бароятон чунин ном гузоштааст, дашном додаед?

Оё шумо боре аз падару модаратон хоҳиш кардаед, ки номи шуморо иваз кунанд? Боре аз навиштани номатон хиҷолат кашидаед? Шояд не. Шояд шумо барои ин саволҳоям маро шахси худхоҳ ё аз ақл бегона ҳисоб кунед. Вале ман чунин нестам. Ман нафаре ҳастам, ки 15 соли ҳаётамро бо дашному масхараи атрофиён ва бо орзуи иваз кардани номи худ паси сар намудам. Аз доштани чунин ном тамоман розӣ набудам, вале онро иваз карда наметавонистам. Қиссаи Тешабой ном гирифтани ман чунин аст:

 Бино ба нақли модарам оилаи онҳо дар маркази ноҳияи Вахш зиндагӣ мекарданд. Волидони модарам муаллим буданду зиндагияшон тинҷу ором мегузашт. Вале ин хушбахтӣ дер давом накард. Моҳи июли соли 1992 бобоямро ба қатл расониданд. Хабари марги падар аҳли оиларо мотамзада карда буд. Ҷанги бародаркуш идома дошт. Касе ба кўча баромада наметавонист, зеро ҳар лаҳза пайдо шудани силоҳбадастон аз эҳтимол дур набуд. Аксари ҳамсояҳо аз тарси ҷон тарки хонаву дар карда буданд. Дар як кўчаи калон ҳамагӣ ду-се нафар монда буданд. Бибии ман, ки шавҳари дўстдорашро аз даст дода буд, ба гуреза шудан розӣ нашуд. “Аз марг роҳи гурез нест. Дар хонаи худ мурдан беҳтар аст”,-мегуфт. Хабари аз тарафи силоҳбадастон беобрў шудани духтарон бибиямро ба тарсу ҳарос оварда буд. Вай модарамро ҳатто ба рўи ҳавлӣ баромадан намемонд. Доимо дарҳоро қулф карда мемонд. Чор хона болотар хонаи холаи падарам буд. Вай ҳангоми дар хонаи холааш будан модарамро дида, дил баста буд. Баъди хатми мактаб мехост бо ў тўй кунад, аммо ҷанг сар шуду орзуҳо дар дилаш монданд. Ниҳоят баъди cе моҳи вафоти бобоям, падарам аз холааш хоҳиш кард, ки ба хостгорӣ равад. Азбаски модараш духтари хоҳари хурдияшро келин кардан мехост, ба ин хостгорӣ розигӣ надод. Сад баҳона пеш оварда мегуфт:

-Вай духтар аз уҳдаи кори қишлоқ намебарояд, ба ягон кор даст намезанад. Барои ман як дарди сар меорӣ.

Падарам бошад, танҳо ба садои дилаш гўш медод. Модарам, ки аз ғами падараш мисли шамъ месўхт, аз модараш хоҳиш кард, ки ба онҳо ҷавоби рад диҳад. Ҳама ба насиҳати ў сар карданд: “Аз бадном шудан шавҳар кардан беҳтар аст, Беҳрўз ҷавони хуб аст, туро дӯст медорад, бо ў хушбахт мешавӣ. Духтарбониву қалъабонӣ гуфтаанд. Аҳволи модари бечораатро бин, як тараф ғами падарат, як тараф ғами ту”.

Модарам дигар илоҷ надошт.  Ниҳоят, охирҳои моҳи октябри соли 1992 онҳо тўй карданд. Тўйи онҳо аслан ба тўй монанд набуд, балки мисли маъракаи азодорӣ бо гиряву нола гузашт. Як рӯз баъди тўй бобои падариямро як ҳамсояашон ба  қатл расонд. Ин мусибатро  бибиям, ки  модарамро  чашми дидан  надошт, ба «касофатии»  қадами ў рабт дод. Ҳатто дар болои мурдаи бобоям гиребони  бибиямро  гирифтааст,  ки духтари  «касофати» шумқадамашро  гирифта барад. Бибии модарии ман, ки зани оромтабиат буд, аз ин ҳол сахт метарсад. Ҳамин тавр, аз ҳамон рўз сар карда, номи модарам дар хонаи шавҳар касофати шумқадам шуда мемонад. Ба ҷуз падарам  касе номи ўро намегирифт. Бибиям барои азоб  додани модарам дасту остин барзад. Ҳамин ки субҳ мешуд, борони фармонҳои  беохираш ба сари модарам мерехт. Агар дар вақти хўрокхўрӣ падарам дар хона намебуд, ба ў чизе намедоданд. Агар падарам мебуданд, бо баҳонаи чизе овардан, ўро аз сари хўрокхўрӣ мехезонданд. Падарам барои ҳамин ҳар шаб ягон чиз гирифта меовард. Модарам бештари вақташро ба рўзадорӣ  мегузаронд. Модарам дандон ба дандон монда, ба ин ҳама азобҳо тоқат мекард. Падарам ба вай зиндагии хубу  осударо ваъда мекард, вале бо гузашти рӯзҳову моҳҳо азоби модарам зиёд мешуд. Бо гузашти як сол ва фарзанддор нашудани модарам забони бибиям боз ҳам дарозтар шуд. Акнун барои таънаву маломат задан ва аз хона гурезон кардани ў як лаҳза даҳонашро намепўшид. Рўзе набуд, ки  бо баҳонае модарамро зада, аз хона пеш накунад. Модари бечораам дандон ба ҷигар гузошта, сабр мекард. Гарчанде оташи ҷанг хомўш шуда бошад ҳам, вале дуди он монда буд.  Ҷангҷӯёни камондор пинҳонӣ ба куштори одамону ғорати боигарии онҳо даст мезаданд. Рўзе набуд, ки ба деҳа ҷасади беҷони ягон касро наёранд. Мабодо зан ё духтари зебоеро медиданд, бо худ мебурданд. Аз сабабе, ки модарам ҳам ҷавон буду ҳам зебо, падарам ўро ба беморхона бурда наметавонист. Рўзҳову ҳафтаҳои умри модарам ба умеди зиндагии осуда мегузашт. Дилаш кулбори ғам гашта, ба ҷуз шунидани дашному таъна ва дидани рўи наҳси хушдоман дигар чорае надошт. Фаслҳои сол гўё рангу таровати худро гум карда буданд. Аввалҳои моҳи декабри соли 1997 буд. Соле, ки Созишномаи сулҳ ба имзо расид. Гурезаҳо аллакай ба хонаҳояшон бармегаштанд. Беморхонаву мактабҳо пурра кор мекарданд. Акнун мардум бе тарсу ҳарос ба ҳар ҷо рафта метавонист. Бибиям як рўз ба хабаргирии модарам рафтанӣ мешавад. Ҳамон рўз барф борида, ҳаво хеле хунук  буд. Бибиям мехост, ки модарамро оварда табобат кунад, то ки кўдакдор шаванд. Кулчаҳои ширмолу равғанинашро ба дастархон монда, болояш қанду ширинӣ гузошт. Дастархонаш вазнин буд, барои ҳамин, аз ронанда хоҳиш кард, ки ўро то ҳавлии падарам барад. Дарвозаро кушода, модарамро тани як куртаи тунук бо сари хуншор дар рўи ҳавлӣ мебинад. Сару рўи модарам пур аз хун, дасту пояш аз хунукӣ меларзид. Бибиям ўро дида, дасту по гум мекунад, чӣ кор карданашро намедонад. Ҳарчанд аз модарам мепурсад, дар ҷавоб чизе гуфта наметавонад. Дар ин вақт писари амакам аз хона баромада, онҳоро дида мегӯяд:

-Бибиям бо ана ҳамон чўб (чўберо, ки дар зери дарахти зардолу мехобид, нишон дода) янгаамро тани як курта карда зад.

Бо шунидани ин гапҳо дунё ба чашми модар сиёҳ мешавад. Тамоми қувваашро ҷамъ карда, аввал модарамро ба мошин савор мекунад. Ронанда ҳам ба ў кӯмак мерасонад. Аз писари амакам хоҳиш мекунад, ки либосҳои модарамро бурда, ба ронанда диҳад. Худаш ҳамон чўбро гирифта, ба хона даромаданӣ мешавад. Ҳарчанд ронанда аз ў хоҳиши рафтанро мекунад, аммо аз раҳаш намегардад. 

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Муслим 2021-07-09, 22:24
нагз
Посух
Беном 2021-07-10, 00:12
зур
Посух
Бахриддин 2021-07-10, 02:18
зур
Посух
Almosi 2021-07-10, 14:45
Дилошуб руят иях бод. Лаънати чизе ки навишти як бор бисанч ки пештар нанавишта боши.
Посух
Almosi 2021-07-10, 14:48
зур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Муслим 2021-07-09, 22:24
нагз
Посух
Беном 2021-07-10, 00:12
зур
Посух
Бахриддин 2021-07-10, 02:18
зур
Посух
Almosi 2021-07-10, 14:45
Дилошуб руят иях бод. Лаънати чизе ки навишти як бор бисанч ки пештар нанавишта боши.
Посух
Almosi 2021-07-10, 14:48
зур
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД