arzon replenishment
Отаҷон, дигар очама назан!
4021

Нав ба 9 - солагӣ қадам монда будам, ки маро ба хонаи амакам бурданду бародару хоҳарамро ба хонаи холаҳоям. Вакте бо амакаму ҳамсараш одат кардам, дар пеши худ мақсад гузоштам, ки минбаъд онҳоро падару модар мегӯям. Эҳсос мекардам, ки аз падару модари худам дида, аз онҳо зиёдтар меҳр дидаам.

Дар хонаи амаакам гули чизро мехӯрдаму либосҳои беҳтаринро мепӯшидам. Маро ба мактабе, ки дар деҳаашон буд, бурданд. Ҳар бегоҳ дафтарҳоямро медиданду вазифаҳои хонагиамро якҷоя бо ман тайёр мекарданд. Дар бораи бародарам ягон чиз гуфта наметавонам, чунки ӯро баъди ҳамон рӯз дигар надидам, аммо ҳарчанд медонистам, ки ӯ ҳам аллакай падару модари худро дорад. Зиндагии хоҳарам ҳам нағз буд, чунки ӯро як рӯз дар бозор бо падару модари наваш дидам, хурсанд буд. Маро ба оғӯш гирифта, гуфт, ки “мо кай модари худро очаҷон гуфта сар ба зонуяш мемонем?” Гиряам гирифт.

Агар як шабонарӯз аз 24 соат иборат бошад, зиндагии ширини мо модару бародародар ва хоҳарам ҳамагӣ 4 ё 5 соат буд. Ҳамин ки падарам аз кор бармегашт, зиндагии талхи мо шуруъ мешуд. Чунки ӯ дар зиндагӣ ҳамагӣ як чизро медонист: ароба ва шишаи шароб. Ҳар рӯз ба хона маст бармегашт. Вакте ба ҳавлӣ медаромад, аввал аробаашро дар ҷои худаш мегузошту баъд чӯбро гирифта, моро мезад. Ҳеҷ кас ҷуръати моро аз таги шалоқи ӯ халос карданро надошт. Баъд аз мо навбати модарам мешуд ва ӯро мезад. Ин ҳолат дар зиндагии мо ҳар рӯз ба вуқуъ меомад. Модаракам аз зарби ин латукӯбҳои мардаки маст ба дараҷае расид, ки ҳатто мо фарзандҳояшро намешинохт. Ҳамин тавр, ӯ каслии руҳӣ шуд.


Падар, ту зиндаӣ?


 Ҳамон рӯз аз мактаб ба хона бармегаштам, ки дар назди дари хона мошини “Ёрии таъҷилӣ” - ро дидам. Чашмам ба модарам афтод, ки сару рӯяш пур аз хун буд. Амакам гуфт, ки падари бадмастам модари бечораамро ба хишт дар сараш задааст. Ҳамин тавр, модарҷонам баъд аз як ҳафта ба хона баргашт, аммо дигар ҳеҷ касро намешинохт. Вақте ба берун ҳавохӯрӣ мебаромад, кӯдакҳои ҳамсояро мегазид. Ана, баъди ҳамин воқеа амакам мо фарзандҳояшонро ба хонаҳои хешу ақрабо тақсим карданд, то ки аз модарам натарсем.

Баъд аз як сол падарам зан гирифт ва ҳоло соҳиби ду фарзанд аст. Вақте бародарам мактабро хатм кард, барои кор кардан ба Москав рафт. Ӯ пул ҷамъ карда, хона харид ва баъди ин ману хоҳар ва модарамро пеши худаш бурд. Ҳоло модарамро ҳамсари бародарам нигоҳубин мекунад, аммо намегузоранд, ки дигар ӯ ба берун равад, чунки ҳар бори ҳавохӯрӣ кӯдакҳои ҳамсояро газида, онҳоро метарсонд.

Айни ҳол ман дар шаҳри Душанбе таҳсил карда дорам. Се сол мешавад, ки ба модарам як бор ҳам занг назадам, чунки маро намешиносад. Ҳар боре дар таътилҳо пешаш равам, модарҷон гуфта, оғӯшаш мекашам, аммо худашро аз ман дур мекунад”.

Боре аз бародарам шунида будам, ки модарам гулро дӯст медорад. Дар таътили наврӯзӣ ба деҳа рафтам. Аз бозор барои модарҷонам як даста гул харидам. Вақте ба хона даромадам, ӯро дар як кунҷак бечораҳол дидам, ки дар тан куртаи сурху дар сар руймолаки оддӣ дошт.


ОҲИ ФАРЗАНДОН КӮРАТ КУНАД, МАРДАК!


 Фикр кардам ӯ сиҳат шудааст. “Модарҷон”, - гуфта, ба наздаш рафтам ва гулҳоро ба сӯяш дароз намудам. Аммо ӯ ғазаболуд шуда, ба сулфидан сар кард. Баробари сулфидан гулҳоро гирифта, зери пояш монду бошиддат лагадкӯб кард. Баъд фаҳмидам, ки модарам баъди беморӣ аз гул аллергия пайдо кардааст.

Медонам, ки агар падарам модарамро намезад, зиндагии чунин намешуд. Чӣ қадар бисёр мехоҳам, ки модарам маро шиносад. Ақаллан як борак номамро гирифта, фарёд кунаду сарамро дар бағалаш монда, навозиш созад.

Дар зиндагӣ се калимаро бад мебинам: падрам, хишт ва гул. Маҳз ин се калима зиндагии моро талх карду модарамро аз мо фарзандон дур. Аз ҳамаи падарони дунё хоҳиш дорам, ки модаронро назананду ба болои онҳо зани нав нагиранд. Онҳо муқаддасанд ва бояд то охир фаришта монанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД