Ман мухлиси ашаддиипродюссер, рэпсаро ва блогери машҳури тоҷик Беҳрӯз Набиев бо тахаллуси Барон ҳастам.Номи Беҳрӯз тақрибан як сол қабл қариб дар тамоми сархати хабарҳо қарор дошт.
Моҷарояш бо Абдурозиқ Баронро ба қаҳрамони асосии Ютуб, Инстаграм ва дигар шабакаҳои миҷтимоӣ табдил дода буд. Ҳамкории чандсолаи ин ду чеҳраи намоёни шоу-бизнеси тоҷик баъди сафари Абдурозиқ ба Дубай якбора қатъ гашта, сару садоҳои зиёдеро дар байни мухлисон ба бор овард. Инак, боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Барон дар Дубай бо Абдурозиқ ҳамроҳ асту гӯё байнашон гапе нашуда бошад, хандаву шӯхӣ мекунанд. Магар Барон бо Абдурозиқ оштӣ шуданд?
Фаридун, аз ш. Душанбе
Дар ҳақиқат чанд рӯз қабл рэпсаро ва блогери шинохта Беҳрӯз Набиев як акси худро, ки дар саҳни фурудгоҳи пойтахт гирифта шуда буд, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграмм гузошта, чунин қайд намуд: “Барои мо роҳи сафед! Дар ҳақамон дуогӯ бошед! Нияти мо пок асту аз Худо умед дорем.”
Мухлисони зиёде дар зери акси мазкур бо саволи он ки оё Барон ба суроғи Абдурозиқ меравад ё барои аз худ намудани аломати кабуд (голубая галочка) пурсон шуданд. Баъди чанд соат дар саҳифаи шахсии Беҳрӯз як навори видеоӣ пахш гардид, ки дар он рэпсаро ҳамроҳи Абдурозиқ сари миз нишастаанд ва чанд ҳарфи шӯхиомез радду бадал мекунанд. Боз ҳам дар зери навори интишор шуда шарҳу аксуламали мухлисони зиёдеро мутолиа кардан мумкин аст, ки баъзеҳо бо хурсандӣ, дигаре бо ҳайрат ва бархе ба шӯр омада, рафтори блогеронро ба таври худ шарҳ медиҳанд. Аксарияти мухлисон бар онанд, ки тамоми ин муддат Барону Абдурозиқ ба хотири ҷалби бештари мухлисон ба чунин “хайп” рӯ оварда буданд, вале худи Беҳрӯз боз ба мухлисонаш муроҷиат карда гуфтааст, ки видеои мазкур куҳна асту ӯ бо Абдурозиқ дар Дубай вонахӯрдааст.