Салом ба кулли хонандагони “Оила” Ман, як духтари дилдода мехоҳам аз шумо маслиҳатбипурсам. Ҳанӯз аз замони дар мактаби миёна хонданам ҷавонеро дӯст медоштам.
Аввалҳо танҳо телефонӣ суҳбат мекардем, баъдтар гоҳ-гоҳ пинҳонӣ аз волидонамон ба кино ва қаҳвахонаҳо мерафтагӣ шудем. Ман ӯро аз ҷонам зиёд дӯст медоштам, ошиқам низ лофи ишқу муҳаббат мезад, вале баъдтар бо духтари дигаре ошно шуда,ба ман хиёнат кард.
Ранҷу азобҳоеро, ки аз пушти ошиқи бевафоям кашидам, фақат худам медонаму Худованд. Корам шаб то саҳар гиря кардан буд. Аз дарди ҳиҷрон борҳо хостам ягон доруи марговар хӯрам ё худро ба дор овезам, вале боз фикри падару модарамро карда, гиребони тавба медоштам.
Қариб ҳар рӯз дугонаҳоям хабар меоварданд, ки онҳоро дар фалон ҷой даст ба даст дидаанд. Суханони онҳоро шунида, як аламам сад алам мешуд, аммо сир бой намедодам. Худамро тасаллӣ медодам, ки рӯзе аз карда пушаймон шуда, ба назди ман бармегардад ва дубора дар пеши поям афтида бахшиш мепурсад.
Тақдирро бинед, ки баъди чанд моҳ дар ҳақиқат чунин шуд. Ошиқам аз ишқи наваш сер шуда, боз ба ёди ман афтидааст. Ба номаву зангҳои телефониаш ҷавоб намедодам, акнун вай ошкоро дар кӯчаву паскӯча пеши роҳи маро гирифта, зорӣ карда истодааст, ки дубора ишқашро қабул намоям.
Мегӯяд, ки ба хонаамон хостгор фиристода, маро ба занӣ мегирад, вале ман ба суханони ӯ дигар чандон бовар надорам. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Аз ҳамин хотир ба “Оила” дарди дил намудам, то ки аз шумо, дугонаҳои азиз маслиҳат бипурсам. Ошиқи хиёнаткорамро бубахшам ё не?
Амина аз шаҳри Турсунзода