Arzon march 2024
ОШИҚИ АБРӮКАМОНИ НОЗИЯ КИСТ?
6251

Нозияи Кароматулло, овозхони 33-солаи тоҷик, пас аз чанд моҳи хомӯшӣ, ҳафтаи гузашта таронаи ҷадиди худро нашр намуд. Суруд “Абрӯкамон” ном гирифтааст, аммо дар бораи муаллифи шеъру оҳангаш маълумоти муфассал дода нашудааст.

Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки тарона бо сабки попурӣ сароида шуда, мазмунаш лирикӣ мебошад ва ҷавони болобаланду абрӯкамонеро васф мекунад. Магар Нозия ошиқи ҷавони абрӯкамоне шудааст, саволест бе ҷавоб. Таронаи ҷадидро дар саҳифаи Инстаграми овозхон зиёда аз 8 ҳазор нафар ва дар саҳифаи “Бушро влог” дар шабакаи YouTube зиёда аз ҳазор нафар тамошо карда, аксарият баҳои баланд додаанд. “Агар дар Тоҷикистон ҳазор сароянда бошаду ҳар кадоме сабку услуби ба худ хосро дошта бошад, вале касе ба Нозия баробар шуда наметавонад”,-навиштааст яке аз мухлисони овозхон дар Инстаграм. Издивоҷ ва таваллуди пай дар пайи фарзандон Нозияро тахминан панҷ сол (2014-2019) аз саҳна дур кард. Танҳо охирҳои соли 2019 ӯ бо клиптаронаи “Дареғ” дубора ба саҳна баргашт ва ҳоло кӯшиш дорад, ки мавқеи пешинаи худро дигарбора соҳиб шавад. Нозияи Кароматулло духтари овозхони зиндаёд Кароматуллои Қурбон (1961-1992) буда, бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло низ пешаи падарашро интихоб кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД