Салом хонандагони азиз! Ман донишҷӯи курси дуюми яке аз донишкадаҳои олии пойтахт ҳастам ва Бобоҷон ном ҷавони зебоеро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Паймон баста будем, ки то нафаси охирин барои ишқамон мубориза мебарем.
Бобоҷонро пас аз хатми донишкада ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Мани дилбохта ба хотири ӯ тамоми хостгоронро рад карда, хаёлан бо Бобоҷон қасри бахт месохтам, вале баъди аз аскарӣ баргаштан ошиқам пӯстинашро чаппа пӯшида, тамоман одами дигар шуд. Акнун ӯ бо ҳар баҳона бо ман ҷанг карда, дашномҳои қабеҳ медод, вале рӯзи дигар боз ба наздам омада, зорикунон бахшиш мепурсид.
Азбаски Бобоҷонро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам, гуноҳашро ҳар дафъа мебахшидам. Интизор будам, ки Бобоҷон ба хонаамон хостгор мефиристаду мо ба васли ҳамдигар расида, хушбахт мешавем, аммо ҳафтаи гузашта ошиқи бевафоям ошкоро гуфт, ки ба умеди ӯ нашуда, таёқамро ба равшанӣ занам ва ягон каси дигарро ёфта шавҳар кунам.
Бо шунидани ин суханони орзукуш осмон гӯё ба сарам фурӯ рехт. Албатта ман ҳам дар кӯча намемонам, чунки хостгорон то ҳол дарамонро кӯфта истодаанд, вале ҳаминаш алам мекунад, ки баъди чор соли интизорӣ Бобоҷон маро партофта, бо каси дигар издивоҷ карданист.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Барқасди Бобоҷони бевафо аз байни хостгорҳо ягон ҷавонро интихоб карда, ба шавҳар бароям ё барои ишқам то охир мубориза барам?
Хонандаи Oila.tj