arzon replenishment
Қошатро татуаж кунӣ ба дӯзах меафтӣ?
4651

Салом! Ман Нигора, духтари 21-сола васокини шаҳри Душанбе ҳастам. Солҳои охир татуаж кардан дар байни хонумҳои тоҷик мӯд шудааст, ҳатто баъзе занону духтарони сатрпӯш лаб ва аврувони худро татуаж мекунанд. Ман ҳам мехоҳам абрувонамро татуаж кунам, чунки сафедпӯст бошам ҳам, қошам хеле тунук ва ба худам тамоман маъқул нест.

Аллакай барои ин кор устои хуб ҳам ёфтам, аммо модарам мудом “ин корро накун, ки убол аст, фардои қиёмат ба дӯзах меафтӣ” гӯён, иҷзат намедиҳад. Ростӣ, ҳеҷ намефаҳмам, охир татуаж кардан чӣ бадӣ дорад, ки гуноҳи азим будааст? Ман зино ё ягон кори дигари бад намекунам-ку!
Нигора, ш. Душанбе.
Посухи Домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз! Одамизод тоҷи офариниш ва беҳтарин офаридаи Аллоҳ Таоллоҳ мебошад. Ҳар як инсон бояд шукрона намояд, ки Худованди меҳрубон барояш чашми бино, ақли расо ва забони гӯё ато намудааст. Чидани қош ва хоса “татуаж” кардан, ки мутаассифона имрӯз аксари бонувони мусалмон дар тарғиб ба хонумҳои ғарбӣ ин корро мекунанд, дар ҳақиқат аз назари дини мубини ислом раво нест. Чидани қошро ислом ба он хотир иҷозат намедиҳад, ки тағйири ҳусн мешавад, яъне шумо қошатонро чида аз неъмати додаи парвардигор ношукрӣ мекунед. Шумо мегӯед, ки татуаж ягон кори бад, яъне бадахлоқӣ ё зино нест, вале як бор андеша кунед, ки чаро занонудухтарон ин қадар ошиқона мехоҳанд “татуаж” кунанд? Ба хотири ба назар ҷазобтару зеботар намудан? Барои он ки таваҷҷӯҳи мардумр ба худ ҷалб намоянд? Бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи дигарон, хоса мардони номаҳрам худро орову торо додан аллакай гуноҳ аст, хоҳари азиз!
Модаратон хуб мекунад, ки ба шумо иҷозати ин корро намедиҳад. Фармӯш накунед, паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С. С) занеро, ки қошашро мечинад, лаънат кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД