Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси миллӣ доир гашт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конфронси миллӣ муовини вазир Абдухолиқ Амирзода, шарикон оид ба рушд, мутахассисон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва коршиносони соҳаи кишвар ширкат варзиданд.
Конфронси мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсад аз баргузории чорабинии мазкур андешаронӣ кард.
Дар ин замина, қайд карда шуд, ки конфронси мазкур бо мақсади омодагӣ ба маъракаи ваксинатсия бар зидди папилломаи одам дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки ваксинаи мазкур дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10-сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14-сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарабахш буда, ҷавоби иммунии қавиро таъмин месозад.