Ҳамасола дар Федератсияи Россия озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор мегардад, ки аз давлатҳои дигар ба ин озмун корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ворид мегардад.
Имсол даври XXIV-уми озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор гардид. Дар он 3 устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ соҳиби дастовард шуданд.
Ҳамин тавр, Холмуродзода Меҳрафрӯз, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих кори илмии худро дар мавзуи «Общее соглашение установления мира таджиков и его результаты» пешниҳод намуда, сазовори Лауреати дараҷаи якум гардид.
Ҳамзамон, роҳбари илмиаш профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович барои тайёрии касбии илмии иштирокчии «34-умин озмуни байналмилалии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ” бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, Мирзоев Некқадам, унвоҷӯйи кафедраи сиёсатшиносии ДДК кори илмии худро дар мавзӯи «Геополитические ориентация Республики Таджикистан в меняющемся современном мире» пешниҳод намуда, сазовори Лауреати дараҷаи якум гардид.
Озмун ҳамасола аз ҷониби Маркази умумироссиягии коркарди корҳои илмӣ-пажуҳишӣ (Всероссийский центр научно-исследовательских разработок) гузаронида мешавад.