Formula novemver 2024
Оиша пулҳоямро хӯрду...
3084

 

Салом ба кулли ҳаводорону мухлисон ва кормандони ҳафтаномаи “Оила”. Ман соли 2000-ум дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Айнӣ дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам.

Ҳангоме, ки мактабро хатм намудам, оилаи мо ба шаҳри Душанбе кӯч бастанд. Муҳити шаҳр аз деҳот сахт фарқ мекард, аксари ҷавонону духтарон аз ишқ зиёд сухан мегуфтанд, аммо ман ба ишқ бовар надоштам. Гумон мекардам, ки ишқу муҳаббат танҳо орзуву ҳаваси ҷавонӣ буда, ба монанди филмҳо ва клипҳо дурӯғу сохтаанд.

Зиёда аз як сол дар шаҳр зиндагӣ кардам, аммо ба ягон духтар на дил додаму на бо чашми муҳаббат нигоҳ кардам. Азбаски аз сомонаи интернетии “ Instagram” истифода мебурдам, рӯзе чашмам ба сайти духтараке атод, ки Оиша ном дошт. Ба ин духтар чунин паёмак ирсол намудам: “Салом Оиша. Бисёр номи зебо доштаӣ.

Дар куҷо таҳсил мекунӣ?” Дар ҷавоб чунин паёмак навишт: “Салом. Шумо ҳам бениҳоят номи зебое доштаед, Алӣ. Ман дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, дар курси якум таҳсил мекунам”. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем ва ҳамарӯза соатҳо сӯҳбатамонро дар ин сомона идома медодем. Аз байн 15 рӯз гузашту ман Оишаро ба вохӯрӣ даъват намудам. Мо аввалин бор дар “ Боғи Айнӣ” вохӯрдем. Бо ҳам хӯрок хурдему соатҳо сӯҳбат кардем. Дар ҳамон вохӯрии авалинамон нисбати Оиша дар қалбам як эҳсосоти аҷибе пайдо шуд. Духтари зебову қадбаланд, чашмони шаҳло ва мӯйҳои сиёҳи дароз дошт. Баъд аз вохӯрӣ ба хона омадам, аммо ҳушу хаёлам ба Оиша буд. Ҳайрон мешудам, ки чаро ёди ин духтари зебо маро ором намегузорад. Баъдан дарк намудам, ки ин эҳсосот ишқ ном дорад. Ҳеҷ боварам намеомад, ки ман ошиқ шуда бошам. Аз байн 2 рӯз гузашту беихтиёр ӯро боз ба вохӯрӣ даъват намудам. Дар ҳамон вохӯрии дуюм бо ҳам аҳду паймони ошиқӣ бастем. Акнун ба ҷои паёмакнависӣ ҳамарӯза вомехӯрдем. Ман ки аз ҷиҳати молию пулӣ ягон танқисӣ надоштам, тамоми хостаҳои дили дӯстдоштаамро амалӣ месохтам. Ҳатто мо ҳафтае як маротиба барои истироҳат аз шаҳри Душанбе берун мерафтем. Агар рӯзе ӯро набинам, дунё бароям тамоман торик менамуду девона мешудам. Ҳаётамро дигар бе Оиша тасаввур карда наметавонистам.

Ҳамин тавр, аз ошиқии мо як сол гузашт. Мутаассифона, дар ин муддат корҳои падарам барор нагирифтанду ӯ муфлис гашт. Зиндагиямон рӯз аз рӯз вазнин мегашт. Падару модарам ва аҳли оилаамон маҷбур шуданд, ки ба ноҳияи Айнӣ баргарданд. Ҳангоме, ки сатҳи зиндагии мо паст гирдид, ман наметавонистам дигар хоҳишҳои дӯстдоштаамро иҷро намоям ва рӯз аз рӯз муносибати ӯ бо ман тағйир меёфт. Ӯ дигар ҳамарӯза ба дидорбинии ман намеомад ва ҳар баҳона пеш меовард. Ман дигар Оишаи худро намешинохтам. Дар ҳамин айём ман курси 3-юмро хатм намудам ва барои таҷрибаомӯзӣ ба ноҳияи Айнӣ рафтам. Акнун маҷбур шудам, ки ба ӯ танҳо ба воситаи “Instagram” паёмак нависам. Оиша ба номаҳоям посух наменавишт. Аз ин рафтори ӯ сахт хавотир будам. Аз байн се моҳ гузашт. Ман ба шаҳри Душанбе омадам. Мехостам ҳарчӣ зудтар Оишаро бубинаму аз дидори ӯ сер гардам. Билохира, пас аз як ҳафтаи ба шаҳр омаданам бо ӯ вохӯрдам. Бениҳоят хурсанд будам, аммо ӯ аз дидори ман заррае ҳам хурсанд нашуд. Каме гап зада, баҳонае пеш оварду рафт. Дигар мо ҳафтае як маротиба вомехӯрдем. Ҳар гоҳе занг зада, ба вохӯрӣ даъват мекардам, баҳонае пеш оварда, маро дидан намехост.

Як рӯз дар хона нишаста будам, ки Оиша занг зада, ба вохӯрӣ даъват намуд. Аз ин рафтораш ба ҳайрат афтодам. Дар ҷайбам маблағ надоштам. Аз ҳамхонаи худ 10 сомонӣ қарз гирифта, зуд ба вохӯрӣ шитофтам. Вохӯрдем ва хост каме бо ҳам қадам занем. Ҳангоме, ки дар кӯча роҳ мерафтем, хоҳиш намуд, ки барояш шоколад бихарам. Ба ӯ гуфтам, ки пул надорам. Оиша дар ҷавоб гуфт: ”Барои дӯстдоштаат як шоколад харида наметавонӣ? Ту чӣ гуна мард ҳастӣ? Дигар ба ман занг назан, безорам аз ту!” Аз шунидани ин гапҳо аз чашмонам ашк ҷорӣ шуд. Бо чашми гирён ба хона омадам. Дигар ҳаёт бароям маъное надошт. Аз байн 10 рӯз гузашт. Бо коре аз хона ба берун баромадам. Ҳанӯз ҳам ба худ наомада будам. Вақте ки аз роҳ мегузаштам, қариб зери чархи мошине мемондам. Сабабгори асосии ин ҳодиса ман будам. Хостам аз ронанда узр пурсам, ҳангоме ки ба даруни мошин нигоҳ кардам, дар паҳлӯи ронанда Оишаро дидам. Вуҷудам ба ларза омад, дарк намудам, ки Оиша замоне танҳо барои дороии падарам бо ман будааст. Оиша ошиқ не, ӯ дилбастаи моли дунё будааст.

Ба тамоми ҷавондухтарон гуфтаниям, ки мардро барои молу сарваташ дӯст надоред. Мардеро интихоб намоед, ки шуморо дӯст дораду ба қадратон бирасад.

Ахмедзода Алӣ, аз ноҳияи Айнӣ

Таснифи Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД