Хонаводаи Дипика Падуконе, ҳунарпеша ва модели 35-солаи ҳинд ба бемории ҳамагири коронавирус гирифтор шудаанд. Хабаргузории “ZEE-TV” иттилоъ медиҳад, ки падари ҳунарпеша Пракаша Падуконеи 65-сола бинобар бад будани вазъи саломатиаш дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Бенгалори Ҳиндустон табобат мегирад. Модар ва хоҳари хурдии ҳунарпеша бошанд, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Хушбахтона, худи Дипика аз ин беморӣ дар амон аст. Ҳамчунин, Рандҳир Капур, ҳунарманди 74-солаи ҳинд ва узви сулолаи Капурҳо низ дар ин шабу рӯз дар бемористони “Kokilaben Hospital”-и шаҳри Мумбайи Ҳиндустон аз COVID-19 табобат мегирад. Пизишкон гуфтаанд, вазъи саломатии ҳунарманд мӯътадил буда, ҷои нигаронӣ нест.
Рӯзҳои охир сафи гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон рӯ ба афзоиш оварда, дар як шабонарӯз зиёда аз 400 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда истодаанд. Шумораи фавтидагон бошад, дар як шабонарӯз то 4 ҳазор нафар ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.