Айшвария Рай, ҳунарпеша ва модели 46-солаи ҳинд, ки ҳамроҳи духтарчаи 9-солааш Арадҳия Баччан дар бемористони “Nanavati”-и Мумбай аз COVID-19 табобат мегирифтанд, ба хонаашон рухсат шудаанд.
Дар ин бора шавҳари ӯ, ҳунарманди 44-солаи ҳинд Абҳишек Баччан хабар дода, афзудааст, ки ҷавоби тести духтару ҳамсараш манфӣ баромада, онҳо аз беморхона мураххас шудаанд. Абҳишек Баччан дар идомаи хабараш афзудааст, ки ҳоли худу падараш низ рӯ ба беҳбудӣ оварда, онҳо низ рӯзҳои наздик ба хона ҷавоб хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ҳунарманд ба кулли мухлисону ҳаводорони худу ҳамсар ва падараш барои дуоҳои нек изҳори сипосу миннатдорӣ баён кардааст. Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, нахуст падару писар Амитабҳ ва Абҳишек Баччан аз COVID-19 сироят ёфта, баъдан келину набераи хонадон Айшвария Рай ва Арадҳия Баччанро низ сироят карда буданд.
Айшвария ва духтараш аввал дар хона табобат мегирифтанд, вале баъдтар онҳоро ба бемористон интиқол доданд, то пайваста дар зери назорати табибон бошанд. Ҷая Бҳадурӣ, ҳунарпеша ва ҳамсари 72-солаи Амитабҳ Баччан ягона нафар дар оилаи Баччан мебошад, ки ба коронавирус гирифтор нашудааст.