Дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 415 ҳодисаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 13 ҳодиса бештар аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд.
Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода гуфт, "ҳодисаҳои худкушӣ нисбат ба соли 2023 нисбатан камтар, вале сӯйиқасд ба худкушӣ афзудааст. Агар дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 68 ҳодисаи сӯйиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2024 ин шумора 99 нафар аст”.
Дар идома раиси Кумитаи кор бо занон ва оила афзуд, ки аз 415 нафари даст ба худкушӣ зада 158 нафарашон занону духтарон ва 44 нафарашон ноболиғ мебошанд.
Сабабҳои асосии худкушӣ ва сӯйиқасди худкушӣ дар байни занону духтарон зӯроварӣ дар оила, ба миён омадани нофаҳмиҳо бо аъзои оила ва мушкилоти дигар гуфта шуд. Ноболиғон бештар бо сабаби нофаҳмиҳо бо падару модар ва бемориҳои рӯҳӣ даст ба худкушӣ мезадаанд.