(Охираш)
-Барои чунин духтар дар хонаи ман ҷой нест. Баромада рав аз хонаам. Кори кардаат сари падаратро хӯрд.
Аз пушти ғаму дарди ту ман ҳам мурданӣ нестам. Рав, рав, ба ҳар ҷои хостаат рафтан гир,-Сорохон духтари дуҷонашро аз хона берун кард.
Зораву таваллои Сурайё ғазаби модарашро ҳеҷ паст намекард. Баръакс ба оташи ғазаби Сорохон равған мерехт.
-Мехоҳӣ, ки дилам ба ҳолат бисӯзад?-дод мезад Сорохон. –Дили ту ба мо сӯхта буд? Пеш аз бо ҷавони ношинос айшу ишрат кардан, фикри ману падаратро карда будӣ, ки акнун ман фикри туро кунам? Моро дар байни мардум шармсор кардӣ, обрӯямонро ба як тини пучак баробар намудӣ, боз мехоҳӣ дилам бароят сӯзад?
-Модарҷон, ман гуноҳ надорам. Ин хел шудани корро интизор набудам. Ҳамааш гуноҳи Салим аст. Ӯ маро ба ин ҳол овард, рӯзамро сиёҳ кард,-бо чашмони ашкбор бегуноҳии худро исбот кардан мехост Сурайё.
Аслан маълум набуд, ки тифли батни ӯ аз кист. Зеро на танҳо худи Салим, балки рафиқаш низ чандин маротиба аз Сурайё коми дил ситонида буд. Акнун муайян кардани падари ин тифли бегуноҳ, ки дар батни зани пургуноҳе нафас мекашаду рӯз то рӯз бузургтар мешавад, мушкил шуда буд.
-Туро намебахшам, духтар. Аз хона баро ва ба ҳар куҷое мехоҳӣ, рафтан гир. Ба назди ана ҳамон Салим рав, шояд туро ба занӣ мегирад?!
Аз доду вой ва хархашаи зиёд фишори Сорохон баланд шуд. Гапногирии Сурайё асабҳои ӯро дучанд хароб мекарданд. Сарашро бо ду дасташ сахт қапид ва бо тамоми овоз фарёд зад:
-Аз назарам гум шав-в-в-в!
Сурайёро мисле ки қувваи барқ зада бошад, як қад парид. Ба сухани модар дигар муқобилият нишон надод. Ночор бо сари хам ҷониби дар рафт. Вале ҳоло ҳам дар дилаш умед дошт, ки ғазаби модараш паст мешаваду ӯро дубора аз роҳаш бармегардонад. Афсӯс…
Сурайё ба берун баромад. Ҳавои берун сард буд. Бо дастонаш худро оғӯш кард, то гарм шавад. Шиками кайҳо дамидаву ба назар аёншудааш барои худро ба оғӯш гирифтан монеа эҷод мекард. Ин дам аз тифли батнаш нафрат пайдо кард. Мехост ҳамин лаҳза худро бикушаду аз ин шармандагӣ раҳоӣ ёбад. Аммо боз ҷон ширинӣ мекард. Ва ӯ акнун як ҷон набуд, балки дар дохили як ҷисм ду ҷон арзи ҳастӣ мекард.
Қадамзанон шабро дар роҳ рӯз кард. Ба маркази ноҳия расида буд. Аз гуруснагиву аз сардӣ дар пояш рост истода наметавонист. Дар рӯйи нишастгоҳи бетонӣ, ки дар канори роҳи марказ меистод, нишаст. Мӯйҳояш парешон, рангу рӯяш сап-сафед ва лабҳояш парсинг баста буданд. Ҳоли парешони Сурайё диққати занеро, ки синну солаш тахминан ба Сорохон баробар буд, ҷалб кард. Зан омада дар паҳлӯи Сурайё нишаст ва чанд дақиқа хомӯшона ба ӯ нигарист.
-Салом, духтарам!-зани ношинос пас аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ ҷуръат пайдо кард, ки салом диҳад, зеро авзои Сурайё он қадар хуб набуд.
Сурайё нигоҳе карду ҷавоб надод.
-Дар ин дунё дертар мефаҳманд, ки мо бегуноҳем, вале он вақт дер мешавад…
-Нафаҳмидам, чӣ гуфтан мехоҳед?-базӯр лаб ҷунбонд Сурайё.
-Хез, ба хонаи ман меравем. Пас аз тановули ягон хӯроки гарм суҳбатро сари як пиёла чой идома медиҳем. Кӯча ҷои гап нест, духтарам!
Сурайё таклифи занро рад кард.
-Не нагӯ, ман туро мефаҳмам. Маълум мешавад, ки чандин соат чизе ба даҳон набурдаӣ. Фикри худатро не, фикри фарзандатро кун!
Ашк аз чашмони Сурайё беихтиёр ҷорӣ шуд. Дигар чизе нагуфт ва хомӯш аз паси зани ношинос ба хонааш равон шуданд.
-Ман як духтар дорам. Ӯ ҳамроҳи шавҳараш дар Русия зиндагӣ мекунад. Онҳо хушбахтанд, вале чандин сол мешавад, ки фарзанддор нашуда истодаанд. Дар ин ҷо бошад, худам танҳо зиндагӣ мекунам,-зан дар ошхона хӯрок гарм карда, ба Сурайё, ки дар хонаи дигар менишаст, аз зиндагии худ кутоҳакак нақл карда дод.
-Яке ба нохуни фарзанд зору дигаре аз фарзанд безор,-зери лаб пичиррос зад Сурайё.
Зан чой ва хӯроки гармро оварда, дар назди Сурайё гузошт ва худро тавре вонамуд мекард, ки гӯё Сурайёро аз аввал мешиносад. Ин корро ба он хотир мекард, ки духтар худро бегона ҳис накунад ва шарм надорад.
-Гир, хунук нашуда хӯрокатро хӯр,-бо ангуштони нармаш ашки чашмони Сурайёро пок кард ва косаи хӯрокро дар наздаш гузошт.
Ҳамон рӯз Сурайё ва он зан то як поси шаб аз ҳаёти якдигар қисса карданд. Рафтору гуфтори зани ношинос ба Сурайё писанд омад. Аз модари худаш меҳрубонтар буд. Зан иҷозат дод, ки Сурайё то фарзандашро ба дунё овардан дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад.
-Ҳамроҳи худам як пора нон мехӯрӣ, барои ту дар деги алоҳида хӯрок намепазам-ку! То таваллуд карданат ҳамин ҷо бимон, давомашро баъди тавлиди тифл маслиҳат мекунем. Акнун ман танҳо нестам, зеро ту барин духтари хуб ҳамроҳи ман аст. Фикри касерову чизеро накун. Одамизод шири хом хӯрдааст ва ҳама дар ин ҳаёт хато мекунанд. Муҳимаш он аст, ки мо аз хатоҳои содиркардаи худ дарсе бигирем ва бори дигар такрор накунем.
Сурайё дар хонаи он зан, ки номаш Муборак будааст, монд. Холаи Муборак зани ҳалиму меҳрубон буд. Ягона духтари худаш дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ба дидани модараш дер-дер меояд. Ба ҳамин хотир холаи Муборак Сурайёро модарвор дӯст дошт ва навозишу меҳрубонӣ мекард.