Arzon march 2024
Обрӯямро мерезонад, ба куҷо шикоят кунам?
1169


Ман як марди маъюб ҳастам ва сатҳи зиндагиам ҳам паст аст. Чунин вазъи зиндагиям маро дар миёни шиносону ҳамсояҳо забонкутоҳ кардааст. Як нафаре, ки ӯро хуб мешиносам, дар маъракаву нишастҳо маро паст мезанад ва обрӯямро мерезонад. Чанд маротиба шоҳиди чунин рафтораш шудаам. Намедонам чӣ хел аз худ дифоъ кунам. Оё дар мушкилии ба сарам омада қонун ягон чораҷӯӣ мекунад?

Ф, н. Фархор.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба шаъну шараф дорад ва ин ҳуқуқ дахлнопазир мебошад. Барои паст кардани шаъну шараф, ки ба расонидани зарари маънавӣ мубаддал мегардад, ҷавобгарии маданӣ пешбинӣ гардидааст. Ба шумо зарур аст, то ба суд бо аризаи даъвогӣ оид ба барқарор намудани шаъну шараф ва рӯёнидани зарари маънавӣ бо дастрасии моддаи 1225-1226 Кодекси мадании ҶТ муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД