arzon replenishment
Нуқтаҳои сафед дар нохун ризқ аст ё нишонаи беморӣ?
1302


Вақте кӯдак будем, ҳамеша нохунҳоямонро назорат мекардем, ки нуқтаҳои сафед пайдо шавад ва аз касе ягон туҳфа бигирем, зеро калонсолон чунин нуқтаҳоро ҳамчун нишонаи ризқу рӯзии инсон маънидод мекарданд.

Мехоҳам фаҳмам, ки чунин нуқтаҳо дар ҳақиқат ризқу рӯзиро инъикос менамоянд ё нишонаи ягон беморӣ мебошанд?

Зуҳро Азизова, н. Рӯдакӣ

Посух

Тағйир ёфтани қисми болоии нохун вазъи саломатии инсонро ифода менамояд. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки дар рӯйи нохунҳо доғҳои сафеди хурд пайдо шудааст. Ин доғҳо аз номуназзамии кори системаи асаб ва кам будани миқдори руҳ ва калтсий дар организми инсон дарак медиҳанд.

Зард шудани ранги нохунҳо бошад, нишонаи нуқсони асаб аст. Хати амудӣ дар болои нохун бар асари бад будани ҷараёни ҳазми хӯрок ё паст шудани фаъолияти ҷигар ва гурда пайдо мешавад. Ин иллат аз илтиҳоби рӯдаю меъда ва норасогии витамини В12 низ буда метавонад.

Хати уфуқӣ дар нохун маъмулан баъд аз паси сар намудани бемории вазнин падид меояд. Мавҷнокии нохун нишонаи бемории тарбод аст. Хатчаҳо ва хол-холҳояш аз бемории испурҷ ва рӯдаи борик шаҳодат медиҳад. Зудшикан ва аз ҳад зиёд мулоим будани нохунҳо низ нишонаи беморист. Аз рӯйи ин нишонаҳо ташхис гузоштан осон аст, чунки иллати асосиашон норасогии модаҳои минералӣ дар организм, ба монандӣ оҳан, калтсий ва витаминҳои В ва Д мебошад.

Нохунҳои шумо дер рушд мекарда бошанд, хурсанд нашавед, баръакс ба духтури ғадудшинос муроҷиат намоед, то ғадуди сипаршаклро аз муоина гузаронад.

Дар маҷмӯъ ҳар иллате, ки дар нохунҳо пайдо мешавад, натанҳо аз нигоҳубини хуб надоштан, балки аз норасогии модаҳои зарурӣ, мисли сафедаҳо, витамини С ва кислотаи фолеивӣ дар ҷисми инсон шаҳодат дода метавонад, бинобар ин, ба суханони афсонавии “нуқтаҳори сафед дар нохун нишонаи ризқу рӯзӣ ҳастанд” бовар накарда, аз пайи табобати худ шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД