Arzon march 2024
Нӯшокиҳои газдор одамро ба касалии саратон гирифтор месозанд?
1993


Арси-кола, коко-кола, фанта, спринт, спрайт...-кист, ки аз нӯшидани ин нӯшокиҳои хуштамъ ва хушмазза лаззат набарад?! Бо дидани ин нӯшобаҳо чашмони кас беихтиёр барқ мезананд ва ҳатто ба қиматаш аҳамият надода, мо нӯшокии табъи дили худро харидорӣ менамоем. Падару модарон барои хурсанд кардани фарзандонашон ба кӯдакони хурдсол низ тез-тез кола, фанта ва дигар нӯшокиҳои ширин мехаранд, вале маълум мешавад, ки чунин нӯшокиҳо ба саломатии инсон сахт зарар доранд ва мо пул дода, ба худ дарди сари зиёдатӣ мехарем.
Александр Мясников, духтур ва ровии шинохта дар шабакаи телевизионии "Россия 1" фоида ва зарари баъзе нӯшокиҳоро ошкор кардааст. Дар ин бора Спутник хабар додааст.
Ба гуфтаи ин коршинос, нӯшокиҳои ширини газдор, ки имрӯз дар сар то сари ҷаҳон фурӯхта мешаванд, ба саломатии инсон зарар дошта, одамро фарбеҳ мекунанд ва боиси гирифтор шудан ба касалии қанд, иллатҳои гуногуни дил, остеопороз ва бемории саратон мегарданд.
"Чизе, ки диабетро ба вуҷуд меорад, фарбеҳиро ба вуҷуд меорад ва дар ниҳоят боиси саратон мешавад...Ин дар ҳақиқат роҳи бузурги бад кардани саломатӣ аст, ки аз остеопороз сар карда то онкология ва бемориҳои дил анҷом меёбад", -таъкид кардааст Александр Мясников.
Ба қавли табиб ҳатто оби оддиро танҳо ҳангоми ташнагӣ нӯшидан лозим будааст, ҳарчанд ки он ба саломатӣ чандон хатар надорад.
Ба қавли Мясников чой ва қаҳва ба салматии инсон фоида доштааст. Тавре ки Александ мегӯяд, қаҳва бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он ва иллатҳои ҷигарро пешгирӣ менамояд, ҷойи кабуд бошад, таъсири зидди саратонӣ дорад.
Ёдрас мешавем, ки байни тамоми нӯшокиҳо шир аз ҳама фоиданок ба ҳисоб меравад. Олимони Донишгоҳи Рединг бар он ақидаанд, ки ҳар рӯз як шиша шир нӯшидан умри инсонро дароз карда метавонад. Нӯшидани шир боз аз он ҷиҳат манфиатбахш аст, ки он сатҳи холестиринро дар бадан коҳиш дода, хатари бемории ишемиявии дилро 14 фоиз кам мекунад.
Ба ҷойи нӯшокиҳои газдор шир нӯшед ва солиму бардам бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД