Нозияи Кароматулло, овозхони 33-солаи тоҷик, дар рӯзи зодрӯзи ягона писараш аксҳои ҷадиди ӯро нашр кардааст, аммо рӯяшро пурра нишон надодааст.
Ӯ дар гузашта низ фарзандонашро мисли дигар чеҳраҳои шинохта ба мухлисонаш нишон намедод ва ҳаёти шахсияш ҳамеша паси парда буду ҳаст. Баъзе корбарон овозхонро аз он ки расмҳои фарзандонашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намегузорад, ҷонибдорӣ кардаанд, вале бархеи дигар бошанд, зидди ин ақида баромадаанд. Чанд нафари огоҳ аз зиндагии Нозия навиштаанд, ки ягона писари овозхон Абӯбакр ном дошта, санаи 7-уми августи имсол 4-сола шуд. “Он рӯзи фаромӯшнашавандаро ёд дорам, ки ба ман гуфта буданд: “Муборак шавад, соҳиби писар шудӣ”. Аз ҳамон вақт ман модари хушбахт ҳастам ва мехоҳам, ки писари азизам низ хушбахт, сиҳату саломат ва муваффақ бошад”,-навиштааст Нозияи Кароматулло дар Инстаграм ва ба писараш умри дарозу зиндагии осуда таманно кардааст. Нозия соли 2014 ба шавҳар баромад ва ҳамин тавр, панҷ сол (2014-2019) аз саҳна канор рафт.
Овозхон сабаби як муддат аз саҳна дур буданашро ба таваллуд ва тарбияи фарзандонаш рабт додааст. “Бо корҳои шахсию тарбияи фарзандон машғул будам ва хостам, ки каме вақти худро бо онҳо гузаронам”,-мегӯяд овозхон дар барномаи телевизионии “Ҳунар”. Нозияи Кароматулло соҳиби се фарзанд, ду духтар ва як писар мебошад.