Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кормандони милитсия дар пойтахт ба нозирони минтақавии шаҳри Душанбе 11 мошини нави сабукрави тамғаи Chevrolet тақсим карда шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ҳадаф аз таъмини нозирони минтақавӣ бо мошинҳои нави сабукрав мусоидат намудан ба сари вақт расидани кормандони милитсия ба ҷойи ҳодиса ва ба таври фаврӣ дида баромадани арзу шикоятҳои сокинони пойтахт мебошад.
«Ин як қадами хеле муҳим барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорист. Мошинҳои нави сабукрав ба кормандони милитсия имкон медиҳанд, ки зудтар ба макони ҳодиса бирасанд, амалиётҳои заруриро сари вақт гузаронанд ва дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондидиҳӣ гузаронанд”,- омадааст дар хабар.