Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио Носир Саид имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ин ниҳод “рӯйхати сиёҳ”-и овозхонҳо вуҷуд надорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, таронаҳои ҳар як ҳунарманд, ҳатто онҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, метавонанд пахш шаванд: “Пахши таронаҳо аз онҳое вобаста аст, ки барномаҳоро омода мекунанд. Маҳз онҳо тасмим мегиранд, ки таронаҳои киро барои пахш интихоб намоянд”.
- Масалан, дар шабакаи телевизионии «Сафина», ки ман қаблан роҳбарӣ мекардам, сурудҳои ҳамаи сарояндагон метавонанд намоиш дода шаванд,- зикр кард ӯ.