Sebiston new 2024 october
Ношукрии падар боиси марги духтар гашт
29.04.2023
ОИЛА
1705


Саломи пурмеҳри худро ба хонандагони “Оила” мерасонам. Мехоҳам ба шумо ҳодисаеро нақл намоям, шояд он барои баъзе мардҳо дарси ибрат шавад.

Вақте хурд будам, бибиям маро ба хонаи аммаам хабаргирӣ равон кард. Дар ҳавлии аммаам касе набуд, хона даромадам, ки аммаам тифл дар даст зор-зор гиря дорад. Маълум шуд, ки язнаам “ту доим духтар мезоӣ” гӯён, ҷанҷол бардошта, аз хона қаҳр карда рафтааст.

Каме тифли аммаамро, ки 6- моҳа буд, дӯстдорӣ кардаму баъд хайрухуш карда, роҳи хонаро пеш гирифтам. Аммаам вақти аз дарвоза баромадан таъкид карданд, ки боз ба бибиат нагӯӣ, ки язнаат қаҳр карда рафтааст. Ба ӯ ваъда додам, ки ба ҳеҷ кас намегӯям ва ба хонаамон омадам.

Пагоҳаш духтари калонии аммаам занг зада гуфт, ки хоҳарчааш дар чойники чой сӯхтаасту ҳоло дар беморхона бистарианд. Ҳамроҳи бибиам ба беморхона рафтем, ҳолати кӯдак басо вазнин буд.

Хуллас, баъди як рӯз кӯдак фавтид. Баъди марги духтарчааш шавҳари аммаам аз карда сахт пушаймон шуда, аз занаш бахшиш пурсид, намозҳояшро мехондагӣ шуд ва аз сидқи дил тавба кард.

Боз занаш духтар таваллуд карду язнаам гӯсфанд қурбонӣ кард. Баъди ин аммаам ду шоҳписар таваллуд кард, ҳоло зиндагии хушу гуворо доранд.
Мақсади ман аз навиштани ин ҳодиса он аст, ки дар таваллуди фарзанд хоҳ писар бошаду хоҳ духтар ҳаргиз ҳамсаратонро айбдор накунед, зеро фарзанд доди Худо аст. Якеро писар медиҳаду дигареро духтар, сеюмиро аз ҳарду маҳрум месозад. Бародарони муҳтарам, зан чӣ гуноҳ дорад, ки ба ҳамсаратон хашм мегиреду ҷабр мекунед?
Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД