Салом! Ман қариб як сол боз дар Русия кор мекунам, вале ҳуҷҷат надорам. Шунидам, ки аз 5-уми феврал дар Русия “Реестри шахсони назоратшаванда” фаъол гаштааст. Муҳоҷирони меҳнатиеро, ки номашон ба рӯйхати мазкур афтодааст, чӣ интизор аст?
МИРЗОНАБӢ, муҳоҷири меҳнатӣ
Посух:
- Дар ҳақиқат, шуруъ аз 5-уми феврали соли 2025 дар Русия расман “Реестри шахсони назоратшаванда” фаъол гардонида шуд, ки ба он тамоми маълумотҳо дар бораи шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни асосҳои қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, ворид карда шудаанд. Муҳоҷирони меҳнатие, ки бидуни иҷозатномаи кор, патент ва дигар ҳуҷҷатҳо дар Русия кор мекунанд ва номашон ба ин реестр афтодааст, ҳуқуқ надоранд:
1. Бе иҷозати Вазорати корҳои дохилии Русия макони зисти худро иваз намуда, аз як шаҳр ба шаҳри дигар сафар намоянд.
2. Ин тоифаи муҳоҷирон ҳуқуқи мошин ронданро аз даст медиҳанд.
3. Наметавонанд барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ имтиҳон супоранд, ё ҳуҷҷати ронандагиашонро иваз кунанд.
4. Суратҳисоби бонкии муҳоҷирони меҳнатие, ки номашон ба “Реестри шахсони назоратшаванда” дохил карда шудааст, баста шуда, имкони ба хонаи худ пул фиристоданро аз даст медиҳанд ва наметавонанд дигар амалиётҳои бонкиро гузаронанд.
5. Муҳоҷире, ки номаш ба ин реестр афтодааст, дар як моҳ аз суратҳисоби худ беш аз 30 ҳазор рулби русӣ гирифта наметавонад.
6. Шаҳрвандони хориҷие, ки номашон ба реестри шахсони назоратшаванда афтодааст, ҳуқуқи харидорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани хона, мошин ва дигар намудҳои амволро надоранд.
7. Онҳо наметавонанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд.
8. Ақди никоҳи афроде, ки номашон ба реестри шахсони назоратшаванда афтодааст, дар ЗАГС ба қайд гирифта намешавад.
9. Шаҳрвандони хориҷии ноболиғеро, ки номашон ба ин реестр афтодааст, ба боғчаҳои бачагона ва мактабҳои Русия қабул намекунанд.