formula55
НОМАИ ПЕШ АЗ МАРГ
9659


Модар духтари хурдиаш Моҳбонуро, ки эркаи хона буд, ба як хонадони бисёр баобрӯю бойи ноҳия фотеҳа кард. Ҳалимахон писар надошт, ӯ шаш духтар дошт. Се духтарро дар зинда будани шавҳараш хонадор карду дутои дигарашро бе падар ба воя расонда, бо обрӯ ва тӯю сур хонадор кард. Духтаронаш ҳама бо маълумот буда, соҳиби одоби ҳамидаву ҳусну ҷамоли расо буданд ва ҳар кадом оилаҳои хуб барпо карда, зиндагии хуш доштанду ба модари пирашон ҳаматарафа ёрӣ мерасонданд.

Ҳалимахон солҳои тулонӣ омӯзгор буду ба бачагони деҳа аз фанни забон ва адабиёт дарс медод. Инак, имрӯз дар нафақаи пиронсолӣ қарор дорад бечора модар. Моҳбону ба хотири сариштаи корҳои рӯзгор пас аз хатми мактаби миёна, дигар хонданро давом надод. Мактабро хатм кардан баробар ба хонаашон хостгорҳои зиёде меомадагӣ шуданд. Байни хостгорҳо писари амаки Неъмат, ки Шӯҳрат ном дошт, ба модари Моҳбону маъқул афтод. Зеро Шӯҳрат яке аз шогирдони босаводу боодоби муаллима буд. Вай пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи аграрии ҷумҳурӣ супорида, онро бо ихтисоси муҳандис-аграном хатм намуду ба зодгоҳаш баргашта дар хоҷагиашон аграном шуда кор мекард. Оилаи онҳо дар деҳа намунавӣ буд.
Ҳалимахола бисёр мехост, ки духтари кенҷааш ба ана ҳамин гуна оила афтода, хушбахт шавад. Аз ин ҷост, ки Ҳалимахола ба хостгорҳо ҷавоби мусбат дода, онҳоро хушу хурсандона аз даргоҳаш гусел кард. Моҳбону хурсандии модарро дида, ба ӯ чизе нагуфт, аммо ғусса гулӯгираш шуд. Ҳалимахон ашки чашмони духтарашро бо лаби қарси сафедаш пок карда оғӯшгирон бӯсид. Ў гумон карда буд, ки сабаби ғамгиниву рӯҳафтодагии Моҳбону ҷудоӣ аз ӯсту аз хонаи падар. Туйи Шӯҳрату Моҳбону бо шукӯҳу тантана гузашт, Хурсандии модараш ҳадду канор надошт. Вале Моҳбону ҳанӯз аз рӯзи фотеҳа то баргузории тӯй мегиристу мегирист.
Пас аз тӯй, вақте, ки арӯсу домод танҳо монданд, Моҳбону бе ҳеҷ истиҳола сабаби ошуфтаҳолиашро ба шавҳараш нақл кард. Шавҳар суханони арӯси зебои худро бо диққат гӯш медоду меҳрубонона ашки чашмо- нашро пок мекард. Пас аз итмоми нақли пуршӯру шари арӯсаш Моҳбонуро сахт ба оғӯш гирифта, ваъда дод, ки сири ӯро ба касе нахоҳад гуфт. Падару модари Шӯҳрат аз келини кардаашон хело шод буданд. Ҳусну ҷамол, кору рафтори ӯ ба аҳли оила писанд буд, дастони моҳбону ба ҳама кор мечаспид.
Дар моҳи чоруми арӯсии Моҳбону чанд дугонаҳояш, ки дар ҳамсоягии модараш зиндагӣ мекарданд, омадато дергоҳ нишаста зиёфатхӯрӣ карданд. Моҳбонуву Шӯҳрат барои меҳмонон анвои хӯрокии беҳтаринро пешкаш карда, сипас хушу хурсандона гусел карданд.

Пас аз рафтани меҳмонон авзои арӯсак беҷо шуда бошад ҳам бо вуҷуди ин косаву табақро шӯставу ҷо ба ҷо карда, пасон ба хонаи хобаш даромад. Шӯҳрат, ки ӯро интизор буд меҳрубонона ба оғӯшаш гирифт… Аз чӣ бошад, ки он шаб Моҳбонуро хоб набурд. Вай аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, фикрҳои мағшушро ба сараш роҳ медод. Шикамаш калон шуда буд, ки ин ӯро безобита месохт. Шӯҳрат масти хоб буд. Вай оҳиста аз ҷой бархосту ба берун баромад. Хусуру хушдоманаш низ хоб буданд. Ҳама ҷо сокиту ором.
Ў аз ҳавои тоза чуқур-чуқур нафас гирифта боз ба хона баргашт. Қаламу коғаз гирифт ва дар рӯшноии чароғи рӯи ҳавлӣ, ки хонаро равшан мекард, ба навиштани нома шурӯъ кард: «Шӯҳратҷони азиз! Ту беҳтарин шавҳар ҳастӣ. Ҳамон қадаре, ки ту ва падару модарат бароям меҳрубонӣ мекунанд, маро ҳамон қадар виҷдонам азоб медиҳад. Кош Ҳамиди фосиқ маро бадбахт намекарду бо ту хушбахтона зиндагӣ мекардам. Он рӯз аз набудани модарам дарак ёфта, Ҳамид ба хонаи мо даромад. Ба доду фарёди ман гӯш надода, даҳонамро баста, номусамро доғдор сохт. Баъди ба мақсади нопокаш расидан, маро таҳдид карда гуфт, ки агар аз ин кор ба касе даҳон кушоям шарманда хоҳам шуд ва дигар касе ба занӣ намегирад. Ҳамиди фосиқ инро гуфту фардои он рӯз гурехта ба Россия рафт. Мани бадбахт аз ин шармандагӣ ба касе ҳарфе назадам. Куҷо медонистам, ки аз ин фосиқ ҳомиладор мешавам?
Шӯҳратҷон, ту аввалин шахсе мебошӣ, ки дарди диламро ошкоро гуфтаму маро дуруст бифаҳм! Ту бошӣ дар ҷои ба рӯям як шаппотӣ зада аз хонаат рондан ба оғӯш гирифта, дилбардориам кардӣ. Гуфтӣ, ки ту гуноҳ надорӣ. Вале ман дигар чунин бадномиро бардошта гашта наметавонам.
Маро бубахш, ки лоиқи ту нестам. Лоиқи ту духтари беҳтарин аст. Бори дигар маро бубахш Шӯҳратҷон ва модари ба ҷон баробарам! Ман ба яке заниву ба дигаре фарзандӣ карда натавонистам. Алвидоъ ҳамаи онҳое, ки маро мефаҳманд…»
Моҳбону номаро рӯи мизи хона гузошта, ба берун баромад. Аз ошхона бочкаи керосинро гирифта, ба тамоми баданаш рехту гӯгирдро алов зад. Ҳарчанд хост садое набарорад, нашуд. Як даста оташ рӯ- рӯи ҳавлӣ доду фарёдкунон медавид. Хусуру хушдомани Моҳбону ялангаи оташро дар рӯи ҳавлӣ дида, ҳайрон шуданд. Онҳо дарҳол аз ҷой бархоста ба рӯи ҳавлӣ баромаданд. Модар рафта писарашро бедор кард.
-Шӯҳратҷон хез, ба ҳавлӣ баро! Даҳшат аст даҳшат! Ҳамин вақт дар бари писараш набудани келинашро эҳсос карда, модар «хонаам сӯхт», -гӯён сӯи алангаи оташ давид. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, ҳамаи ҳамсояҳо бедор шуда ба хонаи амаки Неъмат омаданду оташи бадани арӯси уфтодаро хомӯш карданд. Бадани Моҳбону сӯхта сип-сиёҳ гашта базӯр- базӯр нафас мегирифт.
Дар нимашаб мошине ёфта тани афкорашро ба бемористон бурданд, аммо Моҳбону то ба беморхона нарасида вафот кард. Номаи пеш аз марг, ки са- баби худкушии Моҳбонуро ифшо мекард ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ афтод.
Хоҳарони азиз! Қиссаи хондаатон воқеист. Бубинед, Шӯҳрат ҳамчун марди мусулмон, оқилу босавод ба шунидаҳояш чашм пӯшиду мувофиқи ваъдааш ба кассе аз ин хусус лаб накушод. барои ҳимояи Моҳбону ҳамеша тайёр буд. Пас, чаро баъзе духтарону хоҳарони мо ба чунин кӯтоҳандешӣ роҳ медиҳанд? Магар худсӯзӣ роҳи ҳалли мушкилот аст? Фаромӯш набояд кард, ки бо чунин рафтор имони худро дар ҳарду дунё месӯзанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД