Commerce bank may-june 2026
Ноҳияи Темурмалик нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро кардааст
29.05.2026
Oila.tj
29

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» хабар медиҳад, ки ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, пиллапарварони ноҳия зиёда аз 2,1 тонна пилла истеҳсол намуда, аз ҳар 80 қуттии кирмак 26,6-килограммӣ пилла ба даст овардаанд. Ҳамчунин, дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва маҳаллаҳо корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои рушди соҳа ва истеҳсоли пиллаи хушсифат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Пиллапарварони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки то охири мавсим истеҳсоли пиллаи хушсифатро бештар намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД