sebiston july new
НИГИНА ӮЗБЕКИСТОНРО ДАР ОЗМУНИ ҶАҲОНӢ МУАРРИФӢ МЕКУНАД
3291

 

Нигина Фахриддинова, модели 22-солаи ӯзбеки тоҷиктабор, имсол Ӯзбекистонро дар 60-умин озмуни байналмилалии зебоии “Miss International-2021” муаррифӣ хоҳад кард.

Дар ин бора худи Нигина ба “Sputnik Тоҷикистон” хабар додааст. Баргузории озмуни мазкур моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Иокогамаи Ҷопон дар назар буда, дар он 34 зебосанам аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Мексика, Амрико, Чехия ва Малта иштирок хоҳанд кард.

Нигина аз даври аввали озмун “Miss International Uzbekistan 2020-21” гузашта, ҳоло барои иштирок дар даври ниҳоӣ омодагӣ мебинад. Ӯ дар тараддуди омода кардани либоси миллӣ аст ва умед дорад, ки коронавирус ба кори ӯ халал намерасонад. “Агар марзҳо баста шаванд, озмун ё мавқуф гузошта мешавад ё кишвари дигар баргузории онро ба уҳда мегирад”,-гуфтааст Фахриддинова ба “Sputnik Тоҷикистон”.

Нигина Фахриддинова дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон ба дунё омада, тоҷиктабор мебошад ва яке аз зебосанамҳои шинохтаи Ӯзбекистону Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ ғолиби озмунҳои “Miss Intercontinental Uzbekistan-2019”, “Тop Model Friendship-2018” ва “Fashion Model SNG-2018” аст. Соли 2019 барои иштирок дар “Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон” ба шаҳри Душанбе сафар карда буд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД