Бартарафнамоии камбудиҳои ҷойдошта дар самти роҳу нақлиёт, ба танзим даровардани ҳаракати бонизоми воситаҳои нақлиёт, махсусан мусофиркашони ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарии пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ аз ӯҳдадориҳое мебошанд, ки дар назди маркази "Шаҳри бехатар"-и Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошта шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, баҳри бартарафнамоии он ҳамарӯза кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар ВМКБ сафарбар карда мешаванд.
"Қоидавайронкуниҳои болозикргардида ба тамбашавии сунъии ҳаракат дар роҳ мусоидат намуда, ба ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва ҳамзамон нақлиёти боркашони гаронвазн аз қабили дулану фураҳо, ки масири байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро тай мекунанд, халал ворид мекунанд",-навиштааст Раёсат.
Давоми ҳафтаи сипаришуда зимни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби нозирони роҳ миқдори зиёди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба монанди дар ҷои ғайримуқаррарӣ таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт, итоат накардан ба аломати роҳ, дар дохили истгоҳи нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ ва қатор дуюму сеюми роҳи мошингард гузоштани воситаҳои нақлиёт муайян ва нисбати ронандагон маводҳои маъмурӣ ба расмият дароварда шуд.
Раёсати ВКД дар ВМКБ баъди ҷамъбасти як ҳафтаи фаъолияти нозирони роҳ номи ронандагонеро нашр кард, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ додаанд. Онҳо:
- Носиров Сардор, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, ронандаи автомашинаи тамғаи Чанху, рақами қайди давлатиаш 5858АА04 барои итоат накардан ба аломати роҳ;
- Шозодаиброимов Алим, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ронандаи автомашинаи тамғаи Чанху, рақами қайди давлатиаш 1867НА04 барои итоат накардан ба аломати роҳ;
- Шамсиддинов Фахриддин, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда, рақами қайди давлатиаш 9191ОР04 барои итоат накардан ба аломати роҳ ва таваққуфи нодуруст;
- Мероваршоев Интизор, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 2107 рақами қайди давлатиаш 2086НА04 барои таваққуфи нодуруст;
- Раупов Абдуҳалим Валиҷонович, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Спринтер, рақами қайди давлатиаш 7337WW02 барои таваққуфи нодуруст;
- Завқибеков Ёдгор, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ронандаи автомашинаи тамғаи Ландкрузер, рақами қайди давлатиаш 5804АА04 барои итоат накардан ба аломати роҳ;
- Алидодов Алибек, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, ронандаи автомашинаи тамғаи Тайёта-каролла, рақами қайди давлатиаш 2084РТ01 барои итоат накардан ба аломати роҳ;
Раёсати ВКД дар ВМКБ иттилоъ додааст, ки дар натиҷа нисбат ба ронандагон аз рўи қоидавайронкуниҳои содирнамудаашон бо талаботи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд риоя намудани Қоидаҳои ҳаркати роҳ аз ҷониби нозирони роҳ суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.