Commerc banl
Назмизодаву маънинажоду фитратэҷод
55

Ба истиқболи 165-солагии Зуфархон Ҷавҳарӣ

Дар Истаравшани бостонӣ - маркази фарҳангу тамаддун, илму адаб ва ҳунару ҳунармандӣ фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки бо каломи гуҳарбори хеш шуҳратёр гаштаанд. Мувофиқи манбаъҳои илмӣ дар ин диёри шоирхез зиёда аз 750 шоир зиндагӣ карда, бо шеърҳои дилнишин номашонро дар адабиёти тоҷик ҷовид гардонидаанд. Дар ин радиф устод Зуфархон Ҷавҳарӣ бо эҳтироми хос ёд мешавад. Имрӯзҳо бо гузашти қариб ду аср зодрӯзи ин шахсияти бузурги фарҳангиро мардум бо ифтихор таҷлил мекунанд.

ШОИРЕ АЗ ТАБОРИ АШРОФЗОДАГОН

Мавлоно Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860-1945) дар оилае таваллуд шудаву ба камол расидааст, ки гузаштагонаш насл андар насл шоир ва олиму фозил будаанд. Шаҷараи ин шоири номвар ба авлоди шахсиятҳои маъруфи таърихӣ пайвастагӣ дорад. Падараш Сайидмаҳмудхони Назмӣ (1827-1892) аз шоирони соҳибдевон буда, то мартабаи қозикалони Аморати Бухоро расидааст. Бародараш Сайид Масъудхон низ, ки бо тахаллуси Қозӣ Мавлавихон маъруф аст, аз шуарои намоёни давр буд. Ӯ солҳои 1900-1922 вазифаи қозии шаҳри Хуҷандро ба уҳда дошт.

Ҳамин тавр, Зуфархон Ҷавҳарӣ аз табори ашрофзодагон буда, маънинажоду фитратэҷод аст. Тавре худи шиор мефармояд:

Сухан дар гавҳарам мавҷест васфи лозими зотӣ,

Ки Назмизодаам, маънинажодам, фитратэҷодам.

Ба тақлиду такаллуф кай тавон шуд ҳамзабони ман,

Ки шамъи маҳфили таҳқиқаму нур аст иншодам.

Чашмаи илҳоми сулолаи Ҷавҳаризода баъди Зуфархон Ҷавҳарӣ низ нахушкида, онро фарзандаш Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва наберааш Субҳӣ Ҷавҳаризода идома додаанд. Аз ин шоирон низ мероси адабии бебаҳое боқӣ мондааст.

МАХЗАНИ АДАБИИ ШОИР

Аз Зуфархон Ҷавҳарӣ мероси гаронбаҳое мондааст, вале то ҳол на ҳамаи шеърҳои тоҷикӣ ва туркиву арабии шоир нашр шудаанд. Аз миёни осори зиёди шоир ду маҷмӯаи муҳим ба чоп расидааст - «Асарҳои мунтахаб», ки дорои 104 ғазал, 4 рубоӣ, 8 мухаммас ва 4 достон мебошад ва «Девони Ҷавҳарӣ», ки дар он 161 ғазал, 17 рубоӣ, 14 мухаммас, 8 байт, 9 қасида, 27 номаи манзум, 2 марсия, 4 достон ва дигар навъҳои шеърӣ гирд оварда шудаанд. Достонҳои «Зафар», «Муҳаммадҷон» ва «Офтобхон» осори пурқимати шоир маҳсуб меёбанд.

Ҳамзамон Зуфархон Ҷавҳарӣ достони “Мавлуди Муҳаммад (с)”-ро бо забони арабӣ эҷод карда, мухаммаси онро бо забони тоҷикӣ навиштааст, ки он соли 2007 дар маҷмӯаи алоҳида ба табъ расидааст. Ҳоло бахшида ба ҷашни 165-солагии шоир таҳти роҳбарии академик Кароматулло Олимов “Куллиёт”-и Зуфархон Ҷавҳарӣ омодаи нашр аст.

МАҶМӮАВУ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ АТРОФИ ЭҶОДИЁТИ ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ

Атрофи фаъолияти эҷодию зиндагии шахсии шоири маъруф Зуфархон Ҷавҳарӣ то имрӯз даҳҳо китобу мақола таҳия ва нашр гардидаанд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда, беш аз 40 асар ба таҳқиқи ҳаёт, осори адабӣ ва фаъолияти илмиву эҷодии ин шоири шинохта бахшида шудаанд. Аз ҷумла муҳаққиқон Н. Сатторӣ, А. Сайфуллоев ва Кароматулло Олимов дар ин самт таҳқиқоти бештар анҷом дода, мақола ва рисолаву маҷмӯаҳои илмӣ нашр кардаанд.

МАКТАБ ВА ОСОРХОНА

Ҳамасола бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва пайвандони Зуфархон Ҷавҳарӣ ба гиромидошти ин шоири маъруф иқдоми нек сурат мегирад. Аз ҷумла соли 2000-ум бахшида ба ҷашни 140-солагии шоир МТМУ №32-и шаҳри Истаравшан ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ гузошта шуд. Баъдан, ба муносибати 155-солагии зодрӯзаш осорхонаи Зуфархон Ҷавҳарӣ бунёд ёфт, ки имрӯз ҳамчун маркази омӯзиш ва эҳёи мероси адабии ин шахсияти барҷаста фаъолият мекунад. Дар осорхонаи мазкур, ки дар кӯчаи ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода 17 (гузари Намозгоҳ) воқеъ аст, бештар аз 3500 китоб аз адибони классику муосири тоҷик, номаҳо, маводи марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодӣ, дастхатҳои Зуфархон Ҷавҳарӣ ва шаҷараномаи ӯ ба намоиш гузошта шудааст.

ОМОДАГИҲО БА ҶАШН

Алҳол дар шаҳри бостонии Истаравшан ба ифтихори 165-умин солгарди мавлуди Зуфархон Ҷавҳарӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, як қатор корҳои шоиставу назаррас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, мақбараи Зуфархон Ҷавҳарӣ аз нав бунёд ёфта, бо сангҳои мармари сафед оро дода шудааст. Барои гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи ин шоири маъруф дар саҳни яке аз биноҳои баландошёнаи маркази шаҳр насби пайкараи Зуфархон Ҷавҳарӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар назар аст, ки дар ҳуҷраи яке аз биноҳо осорхонаи дигар, ки дар он китобҳои илмӣ ва маводи арзишманд аз ҳаёту фаъолияти эҷодии Ҷавҳарӣ ба намоиш гузошта мешаванд, таъсис ёбад.

Ин ҳама иқдоми нек аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми фарҳангдӯсти Истаравшан ва роҳбарияти он ба гузаштагони хеш арҷ ва дар ҳифзу эҳёи мероси адабии миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин росто, хуб мешуд барои гиромидошти ин шоири номвар, ки пайвандгари адабиёти классику муосири тоҷик аст, ба китоби дарсии адабиёти тоҷик мавзуе ворид намоянд, то насли ҷавон аз каломи гуҳарбори Ҷавҳарӣ баҳра баранд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ, рӯзноманигор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД