Аҳли оила, хешу табор ва дигар наздикони гумонбаршудагон амали террористиро дар “Крокус-Сити Холл”-и Россия дар шаҳри Душанбе бозпурсӣ мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафти тафтишотро бевосита таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.
Тавре ки РИА-Новости дар такя ба як манбаъаш дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар додааст, аҳли хонаводаи гумонбарон дар ҳамлаи терростӣ дар “Крокус Сити Холл”-ро дар Душанбе бозпурсӣ карда истодаанд.
Рафти тафтишот таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамарӯза маълумотҳои нав ба нав оид ба ҳамлаи террористии Крокус Сити Холл дарёфт карда мешаванд.
Дар хабар омадааст, ки ҳамаи муттаҳамон қабл аз сафарашон ба Федератсияи Россия дар навоҳии атрофи пойтахт-шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекардаанд.