Ҷавони хушқаду қоматам. Аз ягон чиз кам нестам. Духтарони зиёде аз пасам кашолаанд. Бо як не, бо даҳ-понздаҳ духтар риштаи ишқу муҳаббат дорам, аммо …
Модарам Санавбар ном духтари як хешашро хостгорӣ карданист. Намедонам модарам дар рӯйи ин духтари қишлоқӣ моҳ дидааст ё ситора, ки ду пояшро ба як мӯза андохта хоҳӣ-нахоҳӣ, Санавбарро келин мекунам мегӯяд. Борҳо гуфтам, ки беҳуда ташвиш накашед, арӯсро ман худам интихоб мекунам, вале модарам маро ҳатто шунидан намехоҳад. Аз забони писари аммаам шунидам, ки Санавбар мухлиси «Оила» буда, ҳар шумораашро мехондааст, аз ин хотир ба келини хушкардаи модарам аз минбари ОИЛА гуфтаниям:
-Санавбарҷон, хафа нашав, вале ману ту ҷуфти муносиб нестем. Илтимос, маро дуруст бифаҳм, ман бачаи шаҳр ҳастам, ҳамеша бо духтарҳои олуфтаи шаҳрӣ нишасту хез карда одат намудаам. Модарам туро ғайри хоҳиши ман, зӯран келин карда ба хонаамон биёрад ҳам, хушбахт намешавӣ, чунки ту маликаи орзуҳои ман нестӣ ва ҳеҷ гоҳ шуда наметавонӣ.
Худат як бор фикр кун, охир зиндагӣ танҳо аз он иборат нест, ки марду зан дар як ҷойгаҳ хоб рафта бачаю духтар кунанд, ману ту зану шавҳар шавем, дар бораи чӣ гап мезанем? Дар бораи чӣ хел таппак кардан ё коҳдараву гандумдараву алафдарав?! Беҳтараш ту ба ягон ҷавони мисли худат деҳотӣ ба шавҳар баро, то зиндагиат хуш гузарад ва мон, ки ман ҳам ягон духтари хушрӯчаю таннози шаҳриро ба занӣ гирифта, аз бӯйи атраш маст шуда, орзую ҳавасҳои диламро шиканам.
Ба очаат гӯй, ки беҳуда ҳар рӯз ба хонаи мо занг зада сари модарамро гаранг накунад. Ман мардам ва қасам хӯрдаам, ки мурам ҳам туро ба занӣ намегирам. Модарат орзуи домоди шаҳриро аз сараш берун карда, роҳи хостгорони моро напояд. Ба умеди ман нашуда ба шавҳар баро духтар. Ман аз сидқи дил ба ту хушбахтӣ мехоҳам!