Дар шаҳри Эдинбург, пойтахти Шотландия, аввалин автобусҳои худмухтори бесарнишин ба хатсайр баромаданд, ки мусофиронро байни пойтахти Шотландия ва ҳавзаи Файф дар он тарафи халиҷи Фирт-оф-Форт интиқол медиҳанд.
Ин хатсайр, ки номи AB1-ро гирифтааст, аввалин хатсайри бесарнишини расман бақайдгирифта мебошад, ки аз ҷониби ҳукумат маблағгузорӣ карда мешавад.
Ҳукумати кишвар нақша дорад, теъдоди истеҳсоли онҳоро афзуда, ба дигар кишварҳо содир кунад. Яъне, интизор меравад, ки минбаъд мусофирон дар чунин нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни ронанда ҳаракат мекунанд.