Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи “G” бо тими миллии Урдун натавонист ғалаба ба даст орад.
Ин вохӯрӣ дирӯз, 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар нимаи аввали дидор бозигарони мунтахаби Тоҷикистон фаъол буданд. Ҷониби муқобил бештар ба хатти дифоъ таваҷҷуҳ мекарданд.
Футболбозони ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале муваффақ нашуданд. Нимаи дуюми бозӣ ранги дигар гирифт ва тӯб бештар дар ихтиёри урдуниҳо буд.
Дар дақиқаи 89-ум Шаҳром Самиев ҳисобро боз кард. Дарҳол баъд аз ин, дар дақиқаи 90+3-юм меҳмонон тавонистанд таносубро барқарор кунанд ва он голро Язан Абдулло Ал-Наймат ба дарвозаи тоҷикистониён зад.
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими миллии Покистон рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ 21 ноябр дар Исломобод баргузор мешавад.