arzon replenishment
Муовини раиси вилояти Хатлон ба Душанбе омад
505

 

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар имрӯз Салимзода Амонулло Файзуллоро ба ҷои Нуралӣ Асозода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карданд.

Дар ин бора як манбаъ ба Oila.tj хабар дод.

Профессор Амонулло Салимзода, доктори илмҳои кишоварзӣ буда, то имрӯз дар мақоми муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор мекард. Ҷонишини нави ӯ ҳанӯз маълум нест.

Салимзода 30 майи соли 1967 дар ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Нусратулло Салимзода, бародари калонии ӯ аз соли 2008 то 2017 ба ҳайси вазири тандурустии Тоҷикистон кор мекард. Салимзодаи феълан раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Салимзода қаблан ректори Донишгоҳи давлатии агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур ва вазири кишоварзӣ буд. Ӯ дар ин мақом ҷойи Асозода Нуралӣ Маҳмадуллоро гирифт.

Нуралӣ Асозода соли 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, доктори илмҳои кишоварзӣ аст. 4 апрели соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардида буд ва то имрӯз дар ин мақом кор мекард.

Сабаби аз кор озод шудани ӯ маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД