Arzon march 2024
Муносибат бо келин аз нигоҳи як овозхон
500

Сироҷиддин Фозилов, сарояндаи маъруф, ки чанде боз сукут дошт, якбора бо як таронаи ҷолиб ба саҳна баргашт.

“Садои дард" номи ҷадидтарин суруди ин овозхони маҳбуб аст, ки чанд рӯз пеш дар саҳифаҳои иҷтимоиаш нашр гардид.

Намоҳанге, ки барои ин тарона сохтаанд, дар робита ба яке аз мавзӯъҳои доғи имрӯзи ҷомеаи мо мебошад, ки муносибати нодурусти хусуру хушдоманро нисбат ба келин нишон медиҳад. Хусур дар бистари беморӣ аз рафтори номуносиб бо келинаш пушаймон мешавад. Сароянда бо ин таронааш гуфтан мехоҳад, ки чунин муносибат ба ҷудошавии оилаҳои ҷавон оварда мерасонад.

Сироҷиддин Фозилов яке аз маъруфтарин овозхонҳои кишвар дар солҳои 90 буд. Аммо, чанд соли охир аз саҳна дур шуд. Ӯ ҳамроҳ бо Манижаи Давлат чанд дуэт сароидааст, ки он замон шуҳрати зиёд дошт. Таронаҳои “Атлас” ва “Модар”-и худаш ҳам ҳаводори зиёд доранд.

Сироҷиддин Фозилов зимни суҳбат бо "Oila" гуфт, матни тарона моли шоири афғон Ҳорун Роун буда, оҳанг аз худи овозхон аст. Дар он ҳунармандоне чун Тоҷинисо Саидова, Манзура Саидова, Ҳабиб Ғаффурзода ва дигарон нақшофарӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД