Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо соҳиби таҷҳизоти тиббии муосир гардиданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, таҷҳизоти муосири тиббӣ аз томографияи компютерӣ, УЗИ, рентгени рақамӣ, автоклав, лапароскоп, эндоскоп, таҷҳизоти лабораторӣ, таҷҳизот барои топанатония, ИВЛ, таҷҳизоти лор, таҷҳизот барои ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва ғайра иборат мебошанд.
Инчунин ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастгоҳи нодири ангиограф дастрас карда шуд. Ба гуфтаи мутахассисони ин марказ, коркарди дастгоҳи ангиограф нисбат ба дастгоҳҳои қаблӣ, ки дар бахши ҷарроҳии дилу рагҳо истифода мешаванд, хеле осон мебошад. Ин дастгоҳ тавассути таҷҳизоти махсус беморро бо сифати баланд ба навор мегирад, ки ин омил барои боз ҳам беҳтар анҷом додани амалиёти ҷарроҳӣ ба табибон кумак менамояд.
- Таҷҳизоти тиббӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ барои муассисаҳои тандурустии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба ин муассисаҳо дастрас гардиданд,- меафзояд манбаъ.