formula feb 2025
Муҳаммади Муродхон дар бораи Наврӯз, нархи суруд ва нақшаҳои ояндааш чӣ мегӯяд?
92

Муҳаммади Муродхон яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози тоҷик аст, ки бо бозхонӣ намудани таронаҳои машҳур бо гитара дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият ба даст овардааст. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм зиёда аз 55 ҳазор обуначӣ пайдо кард. Бахшида ба иди Наврӯз мо бо Муҳаммадҷон суҳбати гуворое доштем, ки фишурдааш пешкаши шумо - хонандагони азиз мегардад.

- Наврӯз муборак!

- Ташаккури зиёд! Ба шумо ва кулли обуначиёни сомонаи Oila.tj низ Наврӯзи оламафрӯз муборак бошад!

- Муҳаммадҷон, шуморо чӣ ба санъат овард?

- Дар оилаи мо касе санъаткор нест, вале азбаски ман аз айёми кӯдакӣ ба суруду мусиқӣ шавқу ҳавас ва меҳри зиёд доштам, ҳамин муҳаббат маро ба ҷодаи санъат овард. Шукр, имрӯз каме бошад ҳам, бо сурудҳои хеш хотири мардумро шод месозам.

- Аввалин суруде, ки шуморо ба мардум шинос кард, "Беҳуда хорам мекунӣ" буд. Идеяи бозхонии ин суруд аз куҷо пайдо шуд?

- Ман аз айёми кӯдакӣ ин сурудро гӯш мекардам ва бароям писанд буд, вале бовар надоштам, ки туфайли бозхонии ин тарона ба дили мардум роҳ меёбам. Шукр, ки мухлисон хуш қабул карданд ва ба

воситаи ҳамин суруд дар байни мардум каме бошад ҳам, маҳбубият пайдо кардам.

- Чаро таронаҳои худро эҷод накарда, сурудҳои дигаронро бозхонӣ мекунед?

- Сабаби асосии зиёдтар бозхонӣ карданам набудани шароит барои омода кардани шеъри нав ва оҳанги нав аст. Нархи суруду танзими мусиқӣ хеле гарон аст. Оянда, ки шароити хубтар шуд, ҳатман аз эҷодиёти худам баҳри мардум суруд пешкаш мекунам.

- Иди Наврӯзро чӣ гуна пешвоз мегиред?

- Ҳамаи сарояндаҳо Наврӯзро дар хизмати халқи азиз мегузаронанд. Албатта ман ҳам чун дигар сарояндагон дар чорабиниҳои наврӯзӣ идро мегузаронам.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Чандин таронаҳои тару тоза омода карда истодаем, ки насиб бошад, баъди Рамазон пешкаши мухлисон месозем. Танҳо интизор бошанд.

- Таманниёти шумо ба мардуми Тоҷикистон дар иди Наврӯз?

- Мехоҳам ҳамеша дар хонадони мардуми тоҷик иду хурсандӣ бошад. Бигзор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша сулҳу субот поянда бошад ва пешравию ободиҳо рӯз аз рӯз зиёдтар шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД