Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 20-сола барои зӯроварии хонаводагӣ хабар додааст. Муҳаммад Шарифов дар латукӯби ҷияни ноболиғаш гумонбар дониста мешавад.
Муҳаммад Шарифов сокини кӯчаи Арбобхотуни ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буда, барои латукӯби ҷияни 14-солааш боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки тӯли як соли охир дар ин оила нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои пайваста ҷой дошта, муносибати Муҳаммад бо апааш Саёҳат хуб набудааст.
Рӯзи 26-феврал байни апаю додар боз моҷаро сар мезанад ва Муҳаммад Шарифов дар сари қаҳру ғазаб фарзанди ноболиғи апааш Саёҳат- Раҳмонов С., соли таваллудаш 2010-ро мавриди лату куби шадид қарор додааст. Бачаи ноболиғ бар асари латукӯби тағояш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Санҷиши ин ҳодиса аз ҷониби мақомот идома дорад.