Formula novemver 2024
Муаллиме, ки аз чӯб мӯъҷиза меофарад
569


Мурод аз хурдӣ ба ҳунари наққошӣ ва кандакорӣ шавқи зиёд дошт. Нақшҳои назарраббои сутуну мизҳои кандакоришуда диққати ӯро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашиданд.

Мурод пайваста аз падар хоҳиш мекард, ки ӯро дар назди ягон устои гулдаст шогирд монад, то ки нозукиҳои ин ҳунари қадимиро омӯзад. Падараш завқу завқи зиёдми Муродро ба кандакорӣ дида, барои омӯхтани нозукиҳои наққошӣ ӯро ба мактаби рассомии бачагона бурд. Мурод бо ин иктифо накарда, назди устои кандакор Алӣ Яҳёев шогирд истод, то ки сирру асрори ин ҳунари зеборо хубтар омӯзад.

Ҳамин тавр роҳи ин ҷавони ташнаи ҳунар кушода шуд ва пас аз хатми мактаби кӯдаконаи рассомӣ Мурод Мамадназаров аз рӯйи ихтисоси "коркарди бадеии чӯб" таҳсилашро дар донишгоҳ идома дод, вале дар ин муддат талаботи мардум ба чизҳои кандакоришуда кам шуда буд.

Дар оғоз Мурод ҳам мисли баъзе ҳунармандон хост аз баҳри кандакорӣ гузарад, зеро барои пеш бурдани зиндагӣ ин ҳунар кифоят намекард. Вай роҳи тиҷоратро пеш гирифтанӣ шуд, аммо падараш зид баромад.
"Падарам гуфтанд, ки агар ҳунарманд касбашро пеши по занад, як умр хору залил гашта, корҳояш бебаркат мешаванд. Аз ин рӯ дар вақтҳои холигӣ ба ҳунари кандакорӣ машғул мешудам. Наздам панҷ шаш нафар ҷавонону наврасон низ омада ҳунари кандакориро меомӯхтанд" -шарҳ дод устои чӯбкор.

Ҳам усто ҳам омӯзгор

Қаҳрамони мо, ки ба фанҳои алгебра, геометрия ва физика балад буд, ӯро ба ҳайси омӯзгор ба МТМУ №56-и шаҳри Истаравшан ба кор даъват карданд. Чун он замон норасоии кадрҳо хеле зиёд ба назар мерасид. Китобҳои фанни ҳам кифоя набуд. Бо вуҷуди норасоии китобҳои фаннӣ шогирдони тарбия намудаи ӯ дар олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.
Мурод дар мактаб аз фанни касбу ҳунар низ дарс медод. Ӯ ба шогирдон бештар асрори ҳунари кандакориро меомӯзонд. Ҳатто маҳфил барои омӯзиши ҳунари кандакорӣ ташкил кард. Ӯ як мақсад дошт, ҳифз кардани ҳунари кандакорӣ.

Аз чуби одӣ лавҳаи олӣ
Ҳунармандони чӯбкор бо дастони пурэъҷози худ асарҳои меофаранд, ки ба тамошобин фараҳ мебахшад. Албатта, аз як чӯби одӣ офаридани зебоии бемисл кори саҳлу сода нест. Кандакорон маъмулан аз чуби дарахти зарфун, роздори, сиёҳбед, сафедор, булут, бук, чормағз, нок, заранг, санавбар, чинор ва ғайраро истифода мебаранд. Баъзе намуди чӯбҳо бе истифодаи ранг ҳам аз худ ҷило медиҳанд. Кандакорони пештар ба ҷойи ранг (лак) аз хонаи занбӯри асал (Воск) истифода мебурданд.

Тавре қаҳрамони мо мегӯяд:

"Барои ҷилодор шудани чӯби кандакорӣ шуда ҳунармандон аз хонаи занбӯри асал истифода мекарданд. Хонаи занбӯрро гирифта бо оби гарм меҷӯшонанд. Он як шабонарӯз дар қуттии махсус меистад. Баъди омода шуданаш онро ба чӯб мемоланд. Он ҳам ҷилои зебо ва ҳам сифати баланд дорад. Имрӯз, рангҳои сунъи ки ҳастанд, кам нафарон аз ранги табии истифода мебаранд."


Қаҳрамони мо мегӯяд, баъзе навъи дарахтон ҳатто ба ранг кардан ҳам эҳтиёҷ надорад. Зеро ранги табии онҳо асари офаоидаро зеб мебахшад. "Масалан, агар аз чуби дарахти чормағз истифода барем, ранг намекунем. Баро он ки чӯби чормағз худ ранги сиёҳ дорад, ғайр аз ин пайваста аз худ равған мебарорад, ки ҷилодории асарро умри абад мебахшад" - иброз дошт ҳунарманд.

Кандакорӣ мӯд мешавад

Қаҳрамони мо дар баробари кандакории лавҳаҳо, ҳамзамон ба сохтани армуғонҳои чӯбӣ машғул аст. Ӯ аз чуби одӣ, кӯза, қандил, табақҳои ороишӣ, мизҳои шашгӯша, чоргӯшаву доирашакл, пайкараи ҳайвоноти гуногун, лоиҳаи мавзеъҳои таърихӣ, панно, оина, сандуқчаҳо омода мекунад. Маҳсули дасти ӯро бештар сайёҳон харидорӣ мекунанд. Мурод Маманазаров ният дорад пажӯҳише анҷом дода, дар бораи нозукиҳои ҳунари кандакорӣ китобе ба табъ расонад.

Қаҳрамони мо бар он бовар аст, ки мардум аз нав ба маҳсулоти чӯби рӯй меоранд. Чун пештара сақф, айвон, сутун, ва ҷевонҳои наққошиву кандакоришуда аз нав ба муд медарояд.
Ин марди 51 - сола имрӯзҳо дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба ҳунаромузон дарс медиҳад. Ба қавли ин устои пурҳунар шогирдон давомдиҳанда ва меросбари ҳунаранд. Агар онҳо набошанд ҳунар аз байн меравад.
"Бояд ҳунарманд шогирд дршта бошад то ба сараш рӯзи қаҳрамони асари Ф. Муҳаммадиев Усто Оқил наояд" - бо табассум таъкид намуд Мурод Маманазаров.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД