Sebiston new 2024 october
Муаллима Райҳона бо оилааш аз Хуҷанд меомаду ...
6587

Нимашаби 26-уми апрели соли равон омӯзгори шаҳри Панҷакент ҳамроҳи шавҳару фарзандаш ба садама дучор шуд.

Ҳангоми аз шаҳри Хуҷанд баргаштани Райҳона Ҷӯраева, соли таваллудаш 1986, бо ҳамсараш Фирдавс Маликов, соли таваллудаш 1980 ва писараш Юсуфҷон, соли таваллудаш 2014, дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент мошинашон ба Экскватори тамғаи «CHANGLIN NAR 955L», ки таҳти идораи Тоштемиров Худойназар Узбекбоевич, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин шаҳр буд, бархӯрд.

Юсуфҷон Маликов, ки хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Модараш Райҳона Ҷӯраева, омӯзгори соҳибмартаба ва мудири бахши илмии муассисаи №72 баъд аз як ҳафтаи бистарӣ дар беморхона ба ҳалокат расид. Вазъи саломатии шахси сеюм вазнин арзёбӣ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД