arzon replenishment
Муаллим Сангиновро ба хок супурданд
851

Абдуҳомид Сангинов. Ин ном ҳамрадифи номҳои муқаддас аст. Хат ёд додану ҳарфи савод бар даҳон гузоштан амсоли аллаи модару ҳидояти ӯ ба роҳгардӣ сарнавиштсоз аст.

Абдуҳомид Сангинов - муаллими аввалини ман дар қатори Бобо Раҳимов, Шарифи Наврӯз, Шукурмурод Шодиев, Маҳмадраҷаб Ҷӯраев, Отабердӣ Разоқов, Муртазо Гадоев, Икром Исрофилзода, Иссомиддин Худойдодов, Қудрат Бараказода, Мақсатулло Бобоев, Илёс Ғафуров, Шукрулло Файзуллоев, Мирзоҳомид Воҳидов ва дигарон (ҳудудан 100 нафар) омӯзгорони дараи Киштӯд (ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ), ки солҳои сиюми асри ХХ барои маҳви бесаводӣ ба водии Хатлону Рашту Ҳисору Дарвоз сафарбар шуда буданд, бароям шахси муқаддас ҳастанд. Устоди ман дар ахлоқ ҳамида ва дар ирода сангин буданд. Тоқии чоргули тоҷикӣ рамзи устод буд. Аз хамгашти кӯчаи мактаб аввал тоқии он кас пайдо мешуд, сипас қомати қариб думетраашон. Баробари аз тирезаи мактаб дидани тоқии он кас, мо ҳамсинфон худро паси миз мегирифтем. На аз тарс, аз рӯйи эҳтиром.

Дар мактаби ба номи Рӯдакии деҳаи Кулолӣ солҳои мактабхонии ман ду синфи 1 буд. Ба яке устод Абдуҳомид Сангинов (синфи 1 “Б”), ба дигаре устод Бобомурод Ҳоҷиев (синфи 1 “А”) дарс медоданд. Ба ҳадде рақобат миёни ин ду синф сахт буд, ки устодон дар мактаб ба истилоҳ рӯзашонро шабу шабашонро рӯз мекарданд.

Боре устод Сангинов Абдуҳомид дар синф барои хати беҳтарин ҷоиза эълон карданд. Ҷоиза қаламручкаи қирмизӣ буд. Шояд барои шогирдони макотиби имрӯз ин ҷоиза ночиз ва хандаовар бошад. Аммо он замон барои мо мукофоти олӣ буд. Мо ҳамсинфон рӯйи замин, рӯйи коғаз, тахта..., ҳар куҷо, ки рост меомад, машқи хат мекардем. Ин озмун сабаб гашт, ки то охири сол синф хондану навиштанро ёд гирифта буд. Барои ҷамъбасти озмуни хат устод волидонро низ ҷалб карда буданд.

Рӯзи охири соли таҳсил устод дар даст қаламручка бо роҳбари синфи “А” Бобомурод Ҳоҷиев вориди синф шуданд. Синф сокит гашт. Дида ба устод дӯхта шуданд. Устод мисли он ки бори дигар моро месанҷида бошанд, ба ҳар кадомамон дақиқ назар меандохтанд. Ин як лаҳза бароямон баробар ба як умри одамӣ буд.

- Ғолиб Ҳамдамов Шариф!- гуфтани устод маро чун тири аз камон ҷаста аз парта ҷудо кард.

Ин аввалин ва беҳтарин мукофоти ман баъд аз таваллуди фарзандон буд. Аз хурсандӣ дар курта намеғунҷидам. Қаламручкаро дар кисаи пеши пироҳани аз матоъи тик дӯхтаи модарам гузошта, бо ифтихор дар кӯчаҳои деҳа қадам мезадам. Ҳамсинфонам ва хонандаҳои синфи “А” бо рашк ҷонибам менигаристанд. Ин аввалин ғалабаи ман буд. Шояд баъдтар соҳиби мукофоту ҷоизаҳои зиёд гаштам, аммо онҳо ҳама лаззати ширинии қаламручкаро, ки аз дасти аввалин устодам Абдуҳомид Сангинов гирифта будам, надоштанд.

Мо ҳамсинфон баъд аз фориғтаҳсилӣ мисли парандаҳо аз лонаи худ ҷудо шудем. Ман донишҷӯй шудам. Соле як маротиба ба деҳа меомадам. Ҳар боре, ки ба деҳа меомадам, устод дар хонаи мо ҳозиру нозир буданд. Он кас ба ҳамдеҳагон нигариста, мегуфтанд:

- Ҳамдамов шогирди беҳтарини ман!

Баъдан, пас аз марги падару модар омадани ман ба деҳа камтар шуда бошад ҳам, баробари пой ба зодгоҳ гузоштан, муаллими нахустинамро суроғ мекардам ва ба дидори муборакашон шарафёб мешудам. Гоҳҳо он касро дар лаби дунгии ҳавлиашон болои курсии чӯбӣ нишаста дармеёфтам. Ғубори вақт дар чеҳраи пурожангашон нишаста буд. Аз шодӣ бо мушкилот ба истиқболи шогирд аз ҷой мехестанд ва гарм ба оғӯш мегирифтанд.

- Шогирдам омад,- мегуфтанд.

Мавзӯи суҳбати мо маориф буд. Афсӯс мехӯрданд, ки эътибори муаллим коста гаштааст. Устод қисса мекарданд, ки замони омӯзгории он кас муътабартарин, доротарин кас дар деҳа муаллим буд. Муаллим, ки меомад, пиру ҷавон аз ҷой мехестанд ва ба истиқболаш даст пеши бар мебурданд. Аммо ҳоло чӣ? Муаллим муҳоҷири меҳнатӣ! Муаллим...

Имрӯз устоди азизам Абдуҳомид Сангиновро ба хок месупоранд! Руҳашон шоду ҷояшон ҷаннат бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД