Sebiston new 2024 october
МОТАМ ДАР ОИЛАИ БУРАК ДЕНИЗ
4086


Бурак Дениз, ҳунарманди 29-солаи турк охири моҳи ноябри соли равон падарашро аз даст дод ва расонаҳо менависанд, ки ӯ дар ҷанозаи падараш иштирок накардааст.

Теоман Дениз, падари ҳунарманд дар шаҳри Измири Туркия зиндагӣ мекард ва аз сактаи ногаҳонии қалб ҷон дода, дар ҳамон ҷо ба хок супорида шудааст. Дар матбуоти даврии Туркия хабарҳое паҳн шудаанд, ки гӯиё ҳунарманд бо падараш муносибати хуб надоштааст ва ба ҳамин хотир, дар маросими дафни ӯ ширкат наварзидааст. Чанде қабл хабарнигорон бо Бурак Дениз замони аз толори варзишӣ берун шуданаш вохӯрда, аз ӯ сабаби дар ҷанозаи падараш иштирок накарданашро пурсидаанд. “Дӯстони азиз, ҳодиса он тавре нест, ки дар матбуоти даврӣ менависанд.

Ман танҳо сари вақт дар ҷанозаи падарам иштирок карда натавонистам, аммо баъдтар бо ӯ видоъ кардам. Миёни мо ҳеҷ нофаҳмие вуҷуд надошт”,-менависад хабаргузории “Кинотека” аз қавли ҳунарманд.

Ёдовар мешавем, ки падару модари ҳунарманд замони хурдсол будани ӯ аз ҳам ҷудо шуда, Бурак бо модару бобои модарияш зиндагӣ мекард. Соли 2014 ҳунарманд модарашро, ки ба бемории саратон гирифтор буд, низ аз даст дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД