Sebiston new 2024 october
Мошин занад шаҳид мешавӣ?
13.01.2022
ОИЛА
1680

Чанд сол пеш шавҳарам зери чархи мошин монда, дар ҳамон ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда буд, ду моҳ қабл бошад, писарамро мошин заду ҷавонмарг шуд. Мани ғамкушта ҳамеша худро танҳо бо як чиз таскин медодам, ки шавҳар ва писаракам шаҳид шуданд, вале дирӯз дар ҳамин мавзӯъ гап ғел хӯрду як зани ҳамсояамон бо тамасхур гуфт, ки танҳо одамони дар роҳи худо кушта шуда шаҳид мешаванд. Азбаски ман дар мавзуъҳои динӣ чандон дониши хуб надорам, натавонистам бо он зан баҳс кунам. Аз ҳамин хотир ба сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намудам, то ки ҷавоби аниқ бигирам. Одамоне, ки дар зери чархи мошин монда мемиранд шаҳид ҳисоб мешаванд ё не?
Бибисаида, н. Ҳисор


Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯш
Хоҳари азиз! Шаҳодат ҳар хел мешавад. Як инсон дар хонаи худаш, дар болои бистари худ зулман кушта шавад, албатта шаҳид ҳисобида мешавад. Ронандаи ҳавобаланде ба қидаҳои ҳаракат дар рҳ риоя накарда, як муслимро зер кунад ва он бечора ҷон ба ҷонофарин супорад, вай ҳам шаҳид шумурда мешавад. Танҳо касеро, ки қасдан худашро ба зери чархи мошин партофтааст, шаҳид гуфта намешавад, чунки одами худкушӣ карда дар назди Парвардигор гунаҳкор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД