Sebiston new 2024 october
Моликияти зану шавҳар ба кӣ мемонад?
08.04.2023
ОИЛА
916


Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Кадом моликият амволи муштараки зану шавҳар дониста шуда, ҳангоми талоқ байни онҳо тақсим карда мешавад?
Садорат, шаҳри Душанбе.


Посух

Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад. Зимнан, ёдрас менамоем, ки ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД