Arzon march 2024
МОДЕЛИ ТОҶИК ЧЕҲРАИ МАҶАЛЛАИ “VOGUE ARABIA” ИНТИХОБ ШУД
1200

Карина Комил, овозхон ва модели тоҷик чеҳраи шумораи моҳи декабрии маҷаллаи “Vogue Arabia” интихоб шудааст. Аксҳои ӯ дар муқова ва дигар саҳифаҳои маҷалла нашр шудаанд, ки коллексияи либосҳои шарқиёнаи тарроҳ Нура Сулаймон ва чанд макони сайёҳиро муаррифӣ мекунанд.

“Аввалин бонуи тоҷик ҳастам, ки аксҳоям дар “Vogue” чоп шуданд ва аз ин хеле хурсандам. То ҳол бовариям намеояд, зеро ҳамагӣ як моҳ пеш орзу мекардам, ки аксҳоям дар ин маҷалла чоп шаванд.

Бениҳоят хурсандам, ҳатто ашки шодӣ рехтам”,-гуфтааст Карина Комил дар суҳбат ба “Sputnik-Тоҷикистон”. Нура Сулаймон расмҳои Каринаро дар Инстаграм дида, ӯро ба ҳамкорӣ даъват кардааст, зеро дар Арабистони Саудӣ оҷонсиҳои моделӣ фаъолият намекунанд. Карина Комил 10 сол мешавад, ки дар соҳаи мӯд кор мекунад ва панҷ соли охир дар шаҳри Эр-Рияди Арабистони Саудӣ зиндагӣ дорад. Ӯ дар Русия таваллуд шуда, дар Тоҷикистон ба воя расидааст ва як муддат дар Қазоқистон низ ба сар бурдааст. Падараш тоҷик ва модараш рус мебошанд.

То ҳол муҷаррад буда, дар гузашта овозхонӣ ҳам мекард. Маҷаллаи “Vogue Arabia” бахши арабии маҷаллаи “Vogue” мебошад, ки ба соҳаи мӯд бахшида шудааст ва дар кишварҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувейт, Уммон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Лубнон ба таври васеъ паҳн мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД