Суди шаҳри Санкт-Петербурги Русия модели 26-солаи рус Лилия Судаковаро ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристодааст. Ӯ ба марги шавҳараш Сергей Попови 28-сола гунаҳкор дониста мешавад. Ба иттилои расонаҳои Русия, зану шавҳари ҷавон барои истироҳати чандрӯза ба шаҳри Санкт-Петербург рафта, хонаеро ба иҷора мегиранд.
Баъдан шаби 28 ба 29-уми ноябри соли равон Сергей духтареро ба хона оварда, дар шоҳидии ҳамсараш бо ӯ аз ҳар бобат суҳбат мекунад. Лилия аз рафтори шавҳараш ба хашм омада, бо ӯ муноқиша мекунад ва дар сари рашку ғазаб бо корд ба синаи шавҳараш мезанад. Дар натиҷа Сергей ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Лилия фавран ба Ёрии таъҷилӣ занг зада бошад ҳам, табибон Сергейро мурда пайдо кардаву ба ӯ кӯмаке расонида натавонистаанд. Модел ба гуноҳи худ иқрор шуда, нисбаташ аз рӯйи қисми 4, моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Русия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон мегардад) парванда боз шуда, тафтишот аз рӯйи ҳодиса идома дорад. Судакова то 28-уми январи соли 2021 дар боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳад монд ва ба ӯ 15 соли зиндон таҳдид мекунад.