Ман як модари фарзандгумкардаам ва ҳар ҳафта ба қабристон ба сари гӯри ҷигарбандам наравам, дилам орому қарор намегирад. Мегӯянд, модар набояд ба сари қабри фарзанд равад, гӯё ба зиёрат рафтани ман фарзандамро дар гӯр беқарор мекардааст.
Мехоҳам донам, ки дар асл дини Ислом дар ин бора чӣ мегӯяд?
Моҳлиқо, хонандаи “Оила”.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) рафтани занҳоро ба қабристон аввал манъ карда буданд, вале дар охир иҷозат доданд, ба шарте, ки ризогии шавҳар бошаду меъёрҳои шариат, ки барои зан муайян кардааст, риоя шуда, зан амалҳои номашрӯъро анҷом надиҳад. Ба амалҳои номашрӯъ кандани мӯю рӯй, доду фиғон бардоштан, чок кардани гиребон дохил мешаванд. Мо ба шумо ҳар ҳафта ба сари қабри фарзандатон рафтанро тавсия намедиҳем, вале гоҳ-гоҳ зиёрат кардан ва як каф дуо фиристодон ба арвоҳи ҷигарбандатон манъ нест.