Ҳафтаи равон дар интернет клипи бозхонии суруди “Эй Санам”-и сарояндаи шодравон Тоҷиддин Муҳиддин аз ҷониби дастаи ҳунарии “Боҷалар”-и Ӯзбекистон боиси сарусадоҳо гардид. Духтари Тоҷиддин Муҳиддин - сарояндаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Парвонаи Тоҷиддин ба шеваи иҷрои суруди падараш аз ҷониби сарояндаи ӯзбек изҳори норизоӣ баён кард. Ин боиси баҳсу мунозираҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва узрхоҳии ҳунармандони ӯзбек шуд.
Сарояндаи маъруфи Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Фозилҷонов, ки сарварии гуруҳи “Боҷалар”-ро низ ба ӯҳда дорад, суруди Тоҷиддин Муҳидин "Эй Санам"-ро бо шеваи ҳазломез бозхонӣ намуд. Дар клипаш низ саҳнаҳои шуху ҳазломезро ба навор гирифт.
Аслан "Боҷалар" сурудро соли 2023 сабт карда, ба оҳангу матни он тағйирот ворид намудаанд. Суруд дар сомонаи иҷтимои ютуб 25 миллион тамошобин дорад.
Парвонаи Тоҷиддин дар саҳифаи иҷтимоии Инстограм ба ин бозхонӣ вокуниш нишон дод.
Парвонаи Тоҷиддин гуфтааст: "Ин суруди падари ман Тоҷикистонро дар байни 15 республикаи бародар шинос ва машҳур карда буд. Ва ин масхарабозиву филмбардории беодобона аз тарафи як хонандаи машҳури Ӯзбекистон номумкин аст"- гуфт Парвонаи Тоҷиддин . Парвонаи Тоҷиддин гуфтааст, ки дар шеваи иҷрои падараш оҳанги ҳаҷвӣ ва махараомӯз набуд. Духтари Тоҷиддини Муҳиддин гуфтааст, ки падараш инсони донишманд, оромтабиат ва раҳмдил буд ва агар зинда мебуд аз шеваи иҷрои гуруҳи "Боҷалар" андӯҳгин мешуд.
Пас аз нашри муроҷиати Парвонаи Тоҷиддин мухлисони ҳунар ба ду гуруҳ ҷудо шуданд. Бархе шеваи иҷрои сарояндаи ӯзбекро маҳкум карданд ва онро масхара ва таҳқири суруди Тоҷиддин Муҳиддин арзёбӣ карданд. Вале онҳое ҳам буданд, ки клипи “Боҷаллар”-ро тавсиф намуданд. “Хуб аст, ки суруди мазкурро ӯзбекон супоридаанд ва бар завқи бинандаи имрӯз созгор аст. Ягон хел таҳқир ва паст задан дида намешавад”,- мегӯяд корбари шабакаи “Фейсбук” Алишер Раҳмонов.
Рӯзноманигор Зайнаб Ҳесейнова суол гузоштааст, ки чаро ба суруде, ки соли 2023 сароида шудааст ва имрӯз 25 миллион тамошобин дар шабакаи Ютуб дорад, бо гузашти ду сол Парвонаи Тоҷиддин норизоӣ баён кардааст? “Санъат сарҳад надорад. Суруд аз ҷониби “Боҷалар” соли 2023 баромада бошад чаро дар вақташ даъво накардан?”,- суол мегузорад Зайнаб Ҳусейнова.
Ин рӯзноманигори тоҷик, ки масоили фарҳангиро пайгирӣ мекунад, менависад, ки дар асл оҳанги “Эй Санам” фаронсавӣ аст.
“Оҳанги суруди “Эй Санам”-и шодравон Тоҷиддини Муҳиддин оҳанги фаронсавӣ буда, аввалин бор гуруҳи La Bionda соли 1978 бо номи Sandstorm сароида буданд. Баъд аз он устод матнро иваз карда сурудро сароиданд”,- менависад Зайнаб Ҳусейнова.
Зайнаб Ҳусейнова ҳамчунин мегӯяд, ки қаблан ин сурудро сарояндае бо номи Aka Siyovush дар жанри рэп хондаву, аммо касе ба он норозигӣ баён накардааст.
Бо вуҷуди ин, сарояндаи ӯзбек роҳбари гуруҳи “Боҷалар” Ҷаҳонгир Фозилҷонов дар як паёми видиоӣ, ки дар саҳифаи инстограм нашр кард, аз Парвонаи Тоҷиддин – фарзанди Тоҷиддин Муҳиддин узрхоҳӣ кард. Фозилҷонов мегӯяд, ки қасди беэҳтиромӣ ба устод Тоҷиддин Муҳиддинро надошт ва ба ин ҳунарманд эҳтиром қоил аст.
Узрхоҳии Фозилҷоновро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нишони бофарҳангии ӯ арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз ситораҳои дурахшони санъати тоҷик дар асри ХХ буд. Ӯ дар ҳайати ансамбли “Гулшан” шуҳрат ёфт. Сурудҳои ӯ «Як ханда кун эй гул», «Фироқи ёр», «Шодиён», «Ҷони ширин», «Эй боди бомдодӣ», «Коми дил», «Санам», «Тарки ёрӣ», «Хуморӣ мешавад», «Фалак», «Сухан аз даҳонам афканд», «Республикаи ман», «Баҳори умр», «Модар», «Сухани ошиқ» ва ғайра то имрӯз мухлисони зиёд доранд. Ду фарзанди Тоҷиддин Муҳиддин – Парвона ва Шабнам сарояндаҳои маъруфи эстрадаи тоҷик ҳастанд.
СИПЕҲР