Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини шаҳри Конибодом Шаҳноза Сангинова мебошанд. Ин мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» ба чоп мерасад.
Суҳбати имрўзаи мо дар бораи муносибати авсунҳост, яъне зани бародари ҳамсар ё ба шеваи дигар, зани ҳевар. Аз касе пўшида нест, ки дар акасари ҳолатҳо авсунҳо метавонанд дар хуршедӣ ё абрӣ будани фазои хонадон саҳм дошта бошанд. Ҳатто дўстии ду бародар ҳам метавонад аз дӯстии ҳамсарони онҳо вобаста бошад. Назари Шаҳноза Сангинова, меҳмони гўшаи мо дар ин бора чунин аст:
- Дар аксарияти ҳолатҳо дўстии байни бародарон аз дўстии ҳамсарони онҳо вобастагӣ дорад. Ба ҳамин хотир, занонро зарур аст, ки ақли солимро кор баранду муносибати байни фарзандони падарро вайрон насозанд.
Мо дар оила чор авсун ҳастем, ки бо ҳам мисли апаву хоҳар ва дугона меҳрубонем. Вақте нав келин шуда, ба хонаи шавҳар омадам, чизи намефаҳмидагиямро аз авсуни калонӣ мепурсидам ва он кас маслиҳати худро дареғ намедоштанд. Ин анъана то имрўз давом дорад.
Дар ҳамин шабу рӯз ман бо авсуни хурдиям дар як осоишгоҳ истироҳат дорем. Ҳама корро бо маслиҳат ба анҷом мерасонем, гумон мекунам, ки фарзандон инро дида, фарҳанги анъанавии оиладории тоҷикиро аз модарони хеш меомўзанд.