Намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока, молҳо барои хона ва хизматрасониҳои гуногун, дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон 2023” дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад имрӯз оғоз шуда, то 4-уми ноябр идома меёбад.
Дар ин намоиш зиёда аз 30 корхонаву ширкатҳои Ватанӣ маҳсулоти худро бо сифати аъло ва нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон ва меҳмонони кишвар карданд. Мушоҳида нишон дод, ки сокинони пойтахт аз баргузории чунин намоиш болидаруҳ буда, ҳар яки онҳо барои хонаводаҳояшон аз маҳсулоти пешниҳодкардаи соҳибкорони ватанӣ харидорӣ намуданд.
Бобои Раҷаб дар синии 72 солагӣ қарор дорад. Ӯ ба намоиш-фурӯши маҳсулот омада барои набераҳояш аз маҳсулоти ширӣ ва гӯшти харидорӣ намуд. Дар суҳбат ба мо изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард ки чизҳои дилхоҳашро бо нархи дастрас аз инҷо пайдо ва харидорӣ намуд.
Эркиной Тоҷибойева се сол аст, ки ба ин намоишнома меояд ва ҳатто ҳамасола интизори баргузории ин чорабинӣ мешавад. Ӯ мегӯяд ман ҳамроҳи духтарам ва набераҳоям ба ин намоишгоҳ меоям ва аз маҳсулоти зурирӣ бо нархи мехарем.
Гулӣ Азимова, сокини кучаи С. Шерозӣ аст ва дар ин намоишгоҳ иштирок дорад. Ӯ гуфт: Ман ҳамеша ба харидори кардани маҳсулоти хӯрока ба чунин намоишгоҳҳо меравам. Аз ҷумла ҳар сол ба “Тамғаи писандида” меоям ва маслуоте, ки ҳар рӯза истифода мебарам аз ин нисбатан арзон харидорӣ мекунам. Ба ташкилкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ, ки дар ин чорабинӣ иштирок доранд, изҳори минатдорӣ мекунам.
Ёдовар мешавем, ки намоиш фурӯши маҳсулоти хӯрока се рӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбад идома меёбад ва шумо ҳам метавонед маҳсулоти дилхоҳатонро бо нархи дастрас харидорӣ намоед.