Sebiston new 2024 october
Минбаъд пардохти нақдӣ манъ карда мешавад
684

Имрӯз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ имзо шуд.

Дар асоси фармони мазкур аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаван.д

Инчунин, минбаъд аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, то 31 декабри соли 2023 портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ созмон дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД