Меҳрона Расулова дар шабакаи инстаграмм яке аз чеҳраҳои шинохтаву хеле маъруф маҳсуб меёбад. Аксҳои ҷолибу беназир ҳусну малоҳати ин паричеҳра нафарони зиёдеро водор месозад, ки ҳамарӯза саҳифаи ӯро пайгирӣ намуда, аз ҳар лаҳзаи зиндагиву рӯзгораш бохабар шаванд.
Дар баробари зебо буданаш Меҳрона духтари самимиву хушгуфторест, ки ба дили обуначиёнаш ба зудӣ роҳ ёфтааст. Азбаски аз ҳунари ороишгарӣ хеле хуб бохабар аст ва чӣ гуна истифода бурдани малҳаму касметикаро хуб медонад, имрӯз дар меҳмонии гӯшаи “Асрори зебоӣ” дар боби асрори зебоии худ ҳарф мезанад.
-Меҳрона, шумо аз чанд намуди косметика истифода мебаред?
-Азбаски усулҳои нигоҳубини пӯсти рӯй ва ороишгариро хуб омӯхтаам, иқрор мешавам, ки барои зебову нарм нигоҳ доштани пӯсти рӯям аз се намуд малҳами нигоҳубинкунандаи пӯсти рӯй истифода мебарам. Бар замми ин, аз малҳамҳои шабона ва рӯзона низ истифода мебарам.
-Аз чандсолагӣ ба рӯятон малҳам молидан ва усмаву сурма карданро сар кардед?
-Қоил мешавам, ки аллакай дар 18-19 солагӣ аз тамоми намуди косметика истифода намудаам.
-Русҳо мегӯянд ки “Зебоӣ қурбонӣ металабад”. Оё ба мисли дигар бонувони ситора ба ҷарроҳии пластикӣ рӯ овардаед?
-Не, ман асло дар фикри ҷарроҳии пластикӣ нестам. Ҳоло ки ҷавон ҳастам, ҳоҷат ба ҷарроҳии пластикӣ нест, вале агар дар даврони пирӣ лозим ояд, ҳатман истифода мебарам. (механдад)
4. Росташро гӯед, лабонатонро тавассути сӯзандоруи махсус ғафс мекунед?
-Бале, ман лабҳоямро “ботекс” кардаам ва мисли дигар чеҳраҳои шинохта дурӯғ намегӯям. Фикр мекунам, ки лабҳои ғафс ба ман бештар мезебад.
-Миҷгончаспонӣ яке аз амалиётҳои маъмуле гаштааст, ки аксари бонувон аз он истифода мебаранд. Шумо ҳам миҷгони сунъӣ мечаспонед? Ба бонувоне, ки аз ин намуди хизматрасонӣ истифода бурдан мехоҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
-Миҷгони сунъӣ мечаспонам, лекин ба духтарони ҷавон маслиҳат намедиҳам, ки аз ин намуди хизматрасонӣ истифода кунанд. Мунтазам часпонидани миҷгони сунъӣ метавонад боиси рехтани миҷгонҳои табиӣ гардад. Хубтараш аз миҷгонҳои сунъӣ истифода накунанду миҷгонҳои худро бо тушу дигар намуди косметика ороиш диҳанд.
-Дар боби нигоҳубини пӯсту рӯй ва мӯй ба бонувон чӣ маслиҳат медиҳед?
-Мегӯянд, ки дар дунё зани безеб вуҷуд надорад, балки занҳое ҳастанд, ки ба худ диққат намедиҳанд. Гуфтанӣ ҳастам, ки аз ҷавонӣ ба нигоҳубини пӯсти рӯй ва мӯй бодиққат бошед. Дар ҳавои офтобӣ аз малҳамҳои зиддиофтобӣ истифода баред. Ҳар шом қабл аз хоб “косметика”-и рӯятонро бо малҳамҳои поккунанда тоза кунед. Агар пӯсти хушк дошта бошед, ҳатман онро бо малҳами нармкунанда ботароват гардонед. Ҳамагӣ 15 дақиқаи як рӯзи худро барои нигоҳубини худ бахшида, бо ҳусну малоҳати худ атрофиёнатонро мафтун созед!